Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин яке аз розҳои илоҳист. Бартар аст Худое, ки подшоҳи ростинӣ Ӯ бувад. Бузург аст Худое, ки беҳтарини офаридгорон Ӯст.
Хулосаи калом, сабаби зода шудани табиии ҷанин ба ҳаво ва ғизои бештар ниёзманд будани ӯст. Ин ҳангоме бувад, ки қувваҳои ӯ аз барои пайдо кардани маҷоли васеътар, насими бештар ва ғизои фаровонтар бедор шаванд ва аз тангӣ, муҳтоҷӣ ба насими хуш ва камғизоӣ рӯ ба гурез ниҳанд. Ҳар гоҳ тифл зода шавад, ӯро ҳанӯз хобу бедорӣ набошад ва чун ин ду баъд аз чиҳил рӯз ӯро ҳосил шаванд, аз он ба ханда ояд.
Фасли севвум андар баёни бемориҳои заҳдон

Заҳдонро мумкин аст ҳамаи бемориҳои мизоҷӣ, афзорӣ ва муштарак ориз бигарданд. Ӯро низ бемориҳои ба обистан алоқаманд рӯй диҳанд. Масалан, мумкин аст обистан нашавад, ё чун обистан шавад, бача биафтад, ё мумкин аст обистан шавад ва афтодан рӯй надиҳад, балки бача ба душворӣ ояд ва ҳангоми ҷудо шудан бимирад. Гоҳе заҳдонро бемориҳои ба ҳайз алоқаманд ориз шуда, масалан, хуни ҳайз наояд, ё кам ояд, ё бад ояд, ё бемаҳал ояд ва ё мумкин аст ба ифрот ояд. Ӯро низ бемориҳои хосиятӣ рӯй диҳанд. Ё мумкин аст бемориҳое рӯй диҳанд, ки ба анбозӣ бошанд ва ӯ бо андомҳои дигар анбозӣ кунад ва ё мумкин аст аз он ба анбозӣ бемориҳои андомҳои дигар падид омада, андомҳои дигар бо ӯ анбозӣ кунанд, чунонки ҳангоми ихтиноқи заҳдон ҳамин гуна бувад. Ҳар гоҳ бемориҳои заҳдон бисёр бигарданд, ҷигар заиф бигардад ва омодаи он шавад, ки аз сабаби вай истисқо ба амал ояд.
Фасли чаҳорум андар баёни далелҳои мизоҷҳои заҳдон

Далелҳои гармии заҳдон ин аст, ки анбозии тан ва камии хуни ҳайз аз он гувоҳӣ диҳанд ва низ ранги хуни ҳайз далели он буда, хусусан агар пораи катонро шаб андар зер баргиранд, сипас онро андар соя хушк намуда, бибинанд, ки агар сурх ва ё зард бошад, ин далели гармӣ, сафро ва хун аст ва ё агар сиёҳ ва ё сафед бошад, ин бар хилофи он далолат кунад. Лекин хуни сиёҳи бадбӯйи гандида гувоҳӣ аз гармӣ ва ғайри он гувоҳӣ бар сардӣ кунанд. Гоҳе бар гармии заҳдон аз тариқи дардҳои ноҳияҳои ҷигар, хуроҷҳо ва решҳои андар заҳдон падидоянда, хушкии лабони зан, сермӯии [зери нофи] ӯ, аксар вақт рангин омадани пешоб ва зудии набз огоҳӣ пайдо кунанд.
Далелҳои сардии заҳдон инҳост: баста шудани хуни ҳайз, ё камӣ ва ё тунукии он; сафедӣ ва ниҳоят сиёҳ будани он; дер давом кардани покӣ; пеш аз ин хӯрдани ғизоҳои ситабри сард; пеш аз ин ҷимоъи зиёд дидан; карахтии бахшҳои барсувини заҳдон; камии мӯи зиҳор; камрангии об; ва табаҳ будани ранги он.
Далелҳои тарӣ инҳост: тунукии хуни ҳайз; бисёр сайлон кардани рутубат; афтидани ҷанин баробари бу

зург шудан.
Далелҳои хушкӣ: хушкӣ ва камии сайлон бувад.
Фасли панҷум андар баёни нозодан ва ба сахтӣ бордор шудан

Сабаби нозоӣ ё андар мании мард, ё андар мании зан, ё андар андомҳои заҳдон ва ё андар андомҳои нара ва афзорҳои манӣ ҷой дорад. Ё мумкин аст он ба сабабе вобаста бошад, ки андар андомҳои мабдаъӣ вуҷуд дошта, аз қабили андӯҳ, тарс,162 дардҳои гуногуни сар, заъфи гувориш ва хоммонии ғизо бувад. Ё мумкин аст ба ягон хатогии ногаҳон рӯй додае вобаста бошад.
Сабабе, ки андар манӣ ҷой дорад, масалан, ягон бадмизоҷии ё гарм ва ё сардест, ки мухолифи қувваи зоиш буда, аз сабаби сардии табиӣ ва ё сардие ба амал омада бошад, ки ба муддати дароз баста шудани [пешоб] вобастагӣ дорад, ё мумкин аст тарӣ ва ё хушкии манӣ сабабгори он бошад. Сабаби ин ғизоҳои носозгор ва инчунин турушиҳост, зеро инҳо аз ҷумлаи он чизҳоеанд, ки сардиоварандаю хушкифизоянда буванд. Гоҳе сабабе, ки андар манист, мумкин аст бадмизоҷӣ буда, вале он зоишро боз надорад, балки онро душвор бигардонад ва ё ғизои аз сӯи заҳдон ба бача расандаро табаҳ созад. Гоҳе сабаби андар манӣ буда чунин бошад: мании мард мухолифи он таъсиреро бирасонад, ки мании зан омодаи пазируфтани он ва ё мувофиқи яке аз ду равия андар падид омадани он шарики [мании мард] бувад ва андар миёни онҳо бача ба амал наояд. Агар онҳо якдигарро иваз кунанд, шояд аз онҳо бача ба амал ояд. Гоҳе мухолифати ҳар ду манӣ бо якдигар мумкин аст ба сабаби бадмизоҷие рӯй диҳад, ки (563) андар ҳар кадоми онҳо ҷой дошта, аз якдигар на муътадил, балки бештар табаҳ шаванд. Агар онҳо иваз карда шаванд, ҳар кадом бо ягон мание дучор ояд, ки аз тариқи мухолифат мизоҷи онро муътадил сохта ва ҳар ду ба иътидол оянд. Аз ҷинси мание, ки бача наорад, мании кӯдак, маст, худованди хоммондагии ғизо ва ташаннуҷ, мании касе, ки боҳаш бисёр бошад ва мании касе ба шумор бираванд, ки тандуруст нест. Манӣ аз ҳар як андом фуруд меояд ва чунонки Буқрот гуфтааст, аз андоми солим мании солим ва аз бемор мании бемор ояд. Ҳамаи ин ҳолатҳо мумкин аст андар ҳар ду манӣ мавҷуд бошад. Гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои фасоди мании мард ҷимоъ кардан бо духтарони ноболиғ бувад, вале ин ба равиши сабабҳои хосиятист.
Аммо сабабе, ки андар заҳдон ҷой дорад, 1) ё бадмизоҷиест, ки маниро табаҳ созад ва бештари ин сардии афсурдасозандаи манист, чунонки занон ва инчунин мардонро аз ошомидани оби сард ин гуна ҳол ориз бигардад ва он аз ҷиҳати сард сохтани [мизоҷ], аз ҷиҳати тағйир додани бахшҳои таркибии хуни ҳайз ва ё аз он ҷиҳат зиён бирасонад, ки масомҳои хуни ҳайзро танг созад ва хун ба сӯи ҷанин рехтан натавонад. Гоҳе мумкин аст [бадмизоҷӣ] бо модда ва рутубатҳое бошад, ки низ бо омезиши худ маниро табаҳ созанд. Мумкин аст ин [бадмизоҷӣ] ё хушкиоваранда, ё ҳалкунанда ва ё лағжонанда ва заифсозандаи қувваи нигоҳдоранда бошад, ки ин ҳолат бештар рӯй диҳад. Ё мумкин аст он қувваи кашандаи маниро заиф созад ва ма нӣ сахт кашида нашавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ