Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бар заҳдон мумравғанҳоеро бимоланд, ки аз фишурдаҳо, луобҳо ва равғанҳои сард сохта шуда бошанд ва гармии заҳдонро муътадил созанд. Агар сабаб сардӣ ва тарӣ бошад, бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки баъд ёд хоҳем кард ва аксар вақт ин намуд рӯй бидиҳад. Агар сабаб лағжидани даҳони заҳдон бошад, онро бо дармонҳои лағжидагӣ ва бо миҳҷамаҳои андар ҷои худ ёдшуда муолаҷа кунанд ва чунонки гуфтаанд, бояд софинро аз сӯи лозима бизананд. Агар сабаб бисёрии равған бошад, варзиш ба кор баранд, ғизоҳои латиф бихӯранд, аз гармобаҳои тар, вале на аз обҳои гармчашма парҳез кунанд, аз тариқи раг задан ва ҳуқнаҳои тез рехтан истифроғ оваранд ва доруҳои хушкиоварандаи гармсозандаеро аз қабили тарёк ва сиёдаритус ба кор баранд. Бояд аз шароби тунуки сафед парҳез намуд ва андаке шароби сурхи қавии холис ба кор бурд. Аз ҷумлаи фарзаҷаҳои аз барои ин гуна занон хуб ангубини мозӣ (сафед), равғани савсан ва мурр ба шумор бираванд. Агар сабаб андар бодҳое бувад, ки (566) монеи беҳбудии маниянд, инро, масалан, бо [маъҷуни] зирагӣ, бо ошомидани анисун, тухми карафс, тухми судоб ва хусусан тухми судоби андар оби бехҳо афканда ва бо фарзаҷаҳое муолаҷа кунанд, ки аз доруҳои мазкур сохта шуда бошанд. Аз доруҳои ҳалкунандаи бодҳо, масалан, гунди бедастар, тухми судоб ва тухми панҷангуштро [ба кор баранд].
Агар сабаб шиддати хушкӣ бошад, ҳуқнаҳои тарифизоянда ба кор баранд, пиҳҳои нармкунанда ба зер баргиранд ва ба [бемор] аз ширҳо хусусан шири буз ва низ сапедбоҳои серравған бидиҳанд. Агар сабаб тангии даҳони заҳдон бошад, аз барои [фарох сохтани] он пайваста мили сурбӣ ба кор бурда, онро пайдарпай ва ба тадриҷ ситабртар созанд, марҳамҳои нармсозанда бимоланд ва ҷимоъ бисёр ба кор баранд. Ин гуна [занро] хӯрдани каранб суд бахшад ва бояд карафс, зира, анисун ва монанди инҳоро истеъмол кунад. Бештари сабабҳои боздорандаи обистан ва қобили муолаҷа сардӣ ва рутубатанд ва аксарияти доруҳои бордориовар рӯ ба нест кардани онҳо биниҳанд. Агар рутубат ҷой дошта бошад, аз истифроғ сохтани он бо ёраҳо, бо ҳуқнаҳо ва доруҳои ба зер баргирифтанӣ чора нест. Аз ошомиданиҳо маъҷунҳои гармеро аз қабили масрудитус, тарёк, сиёдаритус ва доруи кокана [ба кор баранд]. Аз ошомиданиҳои дорои хосият ба зан пешоби фил бидиҳанд. Ин аз барои обистан таъсири аҷибе дорад ва бояд инро ё ба наздики ҷимоъ кардан ва ё баробари он ба кор баранд. Низ, аррамайдаи оҷро [биошоманд] ва он худи ҳамон замон суд бахшад. Низ пиҳи ғозро андар пашмина гирифта, [ба кор баранд]. Тухми ангудони румӣ хуб ва санҷидашуда аст. Гоҳе аз он ба модиёнҳои чаҳорпоён бидиҳанд, то онҳо сернасл бигарданд. Аз фарзаҷаҳо онҳоеро [ба кор баранд], ки аз равғани баласон, равғани бон ва равғани савсан сохта шудаанд. [Низ], фарзаҷаҳое [хубанд], ки аз нафти сиёҳ, нохуни дев, мушк, сунбул, мушки замин, шибит, саътар, нонхоҳ, зуфо, муқл, «хояи рӯбоҳ», доршишиғон, ки таъсири аҷибе дорад, гавзи сарв, донаи даҳмаст, сукк, ҳамомо, созаҷ, қардамоно ва аз ҳар гуна чизҳои гармиоварандаи қабзкунанда ва хусусан зидди лағжиш сохта бо

шанд. Ба зер баргирифтани панирмояҳои ҳайвонӣ, хусусан панирмояи харгӯш бо равғани маска ва ё бо равғани бунафша баъд аз пок шудан аз барои обистан ёварӣ кунад. Ба зер баргирифтани саргини харгӯш, ё чунонки гуфтаанд, ба зер баргирифтани талхаи оҳуи нар ва хусусан агар бо он каме «хояи рӯбоҳ» ва ангубин ҳамроҳ карда бошанд, низ ҳамин гуна бувад. Инчунин, ба зер баргирифтани саргини он, ё ба зер баргирифтани талхаи гург, ё харгӯш ва ё шер ба қадри ду донг [судманд аст].
Як шиёфи хуб: сунбул, заъфарон, мастако, мурр, мушк ва гунди бедастарро бо равғани нордин [бигиранд] ва ё чаҳор дирам мурр ва ду дирамӣ бехи савсани осмонгун ва саргини харгӯшро гирифта, аз онҳо фарзаҷаи чилғӯзашакл бисозанд ва ба зер баргиранд. Онро ҳар се рӯз як бор иваз кунанд. Низ, аз ангубини полида, сакбина, муқл ва равғани савсан [шиёф созанд].
Як фарзаҷаи хуб: севуним дирамӣ аз заъфарон, ҳамомо, сунбул ва шоҳафсар, як уқиягӣ аз созаҷ ва қардамоно, ду уқиягӣ пиҳи ғоз ва зардии хояи мурғ ва ним уқия равғани нординро гирифта, баъд аз пок шудан андар пашминаи осмонгунӣ се рӯз ба зер баргиранд ва ҳар рӯз як бор онро дигар кунанд. Низ, сири хушк ва ё сабзро гирифта, бар вай ба андозаи як чанди он равғани кунҷид бирезанд ва то нарм шудан ва фазлаи обияш рафтан биҷӯшонанд. Сипас онро агар бо пашмина ба зер баргиранд, хуб хоҳад буд. Гоҳе пеш аз фарзаҷаҳо мумкин аст ба ҳуқна рехтан бо чизе эҳтиёҷ афтад, ки дорои қувваи дилаи ҳанзал бошад. Ин рутубатҳоро берун кунад. Ё андар фарҷи зан, масалан, кангаржад баргиронанд ва ин рутубатҳои онро бикашад. Аз бахурҳо қурсҳоеро [бигиранд], ки аз мурр, майъа ва донаи даҳмаст сохта шудаанд ва аз инҳо ҳар рӯз бахур кунанд. Инчунин, зирнихи сурх ва гавзи сарвро бо майъаи моеъ сиришта, баъд аз пок шудан онро се рӯз пайдарпай бо ёрии кулоҳак бахур кунанд.
Бо мурр, майъаи моеъ, борзад, донаи даҳмаст ва сиёҳдона ва ё бо муқлу зуфо низ чунин кунанд.
Нишонаҳои обистан ва ҳукмҳои он: Бар ин, чунонки пеш ёд карда шуд, бо якдигар мувофиқ омадани ҳа ду манирезӣ ва баъд аз ҷимоъ рӯй додани ҳолате шабеҳ ба беҳолӣ далолат кунанд. Бо сари нара ҳангоми рехтани манӣ чунин дарёфта шавад, ки гӯё [заҳдони] зан онро мемакида бошад ва ҳангоми берун кашидан хушк бинамояд. (567) Баъди ҷимоъ даҳони заҳдон ба андозае сахт фишурда шавад, ки ҳатто мили сурмакашӣ ба он андаромадан натавонад. Инчунин он каме ба боло ва пеш барояд ва турунҷиданаш аз ғайри сахтӣ ва аз сабаби шиддат ёфтани хушкии он ноҳияҳо бувад. Хуни ҳайзи зан баста шавад ва то муддате ҳайз наояд ва ё ҳайзи андаке ояд. Андар маҳалли миёни нофу шарми пеш каме дард ҳис карда шавад ва гоҳе пешоб ба сахтӣ ояд.
Ӯро баъди ин чунин ҳолат руй диҳад, ки ҷимоъро бад дида, [292] аз он рӯй бигардонад ва агар бо ӯ ҷимоъ кунанд, манӣ рехтан ба амал наояд ва ӯро ба ҳангоми ҷимоъ аз зери ноф дард бихезад ва маниши гаштан ба амал ояд. Зани нарина боргирифта беш аз зани модина боргирифта ҷимоъро бад бинад ва гоҳе мумкин аст [зани модина боргирифта] аз ҷимоъ рӯй нагардонад. Сипас, он ҳолатҳое, ки баъди обистан ба амал ояд, инҳост: тоса; ланҷӣ; гаронии тан; баднафсӣ; андаке маниши гаштан; оруғи туруш; фарошо; сардард; гижа; сиёҳ задани чашм; ва хафақон.

пешина
аз 1215
навбатӣ