Қонуни тиб

Агар сурини ӯ суст шуда, пайғулаҳояш дамида бошанд ва ин дамидагӣ шиддат ёфтан гирад, пас аз ин ҳангом то ҳангоми падид омадани дарди бача муддати камтаре боқӣ мондааст.
Нишонаҳои камқувватии ҷанин: Бар нотавонии ҷанин бемориҳои волида, истифроғҳои ӯро оризшуда ва хусусан пайваста омадани ҳайзе гувоҳӣ диҳанд, ки аз андозаи ҳайзи ба нудрат ва кам рӯйдиҳанда бигузарад ва ҳамчун фазлаи ғизо бирезад. Инчунин падид омадани шир андар моҳи нахустини обистан ва бо фишурдани пистон рехтани он [далолат кунад]. Дигар далели [нотавонии ҷанин] ин аст, ки он ба андозаи қобили эътибор наҷунбад ва ё на андар вақти хеш ба ҷунбиш ояд.
(570) Нишонаҳои камқувватии навзод: Агар ҷанин чун зода шавад, нофаш дам накунад, атса назанад, наҷунбад ва то муддате шикамаш наравад, ин гуна тифл заиф буда, зинда нахоҳад монд.
Муддатҳои офарида шудан, ба ҳаракат омадан ва зода шуданро мо ҳанӯз андар боби ташреҳ ва бобҳои баъд оянда ёд кардем ва аз он маълум аст, ки моҳи ҳафтум оғози моҳест, ки андар он бача зода шавад ва ин ҷанини аз ҷиҳати офаринишу мизоҷ боқуввате бувад, ки офаринишаш зудтар ба анҷом расад, тезтар ба ҳаракат ояд ва зудтар тақозои берун омадан кунад. Аксар вақт бачаҳои андар ин муддат зодашуда бимиранд, аз баҳри он ки эшон ба изофаи сустии офариниш азоби ҳаракатҳои сахтеро бикашанд ва ин гуна навзод агарчи аслан қавист, вале аз ҷиҳати таквин ба наздикӣ ба вуҷуд омадааст. Лекин аз ҳама беш бачаҳои ҳаштмоҳа таваллудшаванда бимиранд ва кам зинда монанд. Агар аз миёни ҳаштмоҳа зодагон ягон нафар бизияд, ин ниҳоят нодир бувад. Духтарони андар ин муддат зодашаванда камтар зинда монанд. Андар бархе аз кишварҳо ҳаштмоҳа зодагон ҳатман назиянд, аз баҳри он ки ҳолати эшон берун аз ин нест, ки 1) ё ба анҷом расидани офариниш, ба ҷунбиш омадан ва орзуи зода шуданашон то ба ин ҳангом пас афтодааст ва ба ин андар асл қавӣ набудани қуввати эшон гувоҳӣ диҳад. Агар чунин [ҷанинҳо] андар оғози аҳди камолот барои берун ома
дан кӯшиши ҳаракат кунанд, беш аз андозаи заифии он [ҷанинҳое] заиф шаванд, ки мисли навзодони ҳафтмоҳа андар асл қавӣ буда, ба оғози аҳди камолот кӯшиши баромадан кунанд. 2) Агар чунин набошанд, баръакс, офариниш, ба ҳаракат омадан ва бедор шудани орзуи зодан ва аз барои ин ҳаракат кардани эшон пеш аз ин [аҳд] тамомият ёфта бошад, ин гуна ҷанин оҳанги ҷудо шудан аз маъвои хеш карда, сарнагун шавад ва ин сарнагунӣ, ки ӯро ба ғараз нахоҳад расонд, боиси падид омадани осеб бигардад ва [ҷанин] бад-ин гуна ҳоли сарнагун то вақти баргаштани қувват боқӣ бимонад. [Сарнагунӣ] ӯро нотавон карда, қувваташро бикоҳад ва ногузир ӯро он ҳолате ориз бигардад, ки каси беқувватро аз барои раҳоӣ кӯшиши ҳаракат кунад, вале аз сабаби мондагӣ ва нотавонӣ ба мақсад нарасида, канда шавад. Бинобар ин, [ҷанин] ночор бемору заиф шавад ва қувваташ ҳал гардад. Ӯ ҳар гоҳ ба ин гуна ҳол зода шавад, ҳукмаш чун ҳукми навзоди бемору нотавон хоҳад буд ва яке аз ҳукмҳои ӯ ин аст, ки аз зиндагии ӯ умеде нест.
Аммо навзоди нуҳмоҳа ҳар гоҳ офаринишаш буд шуда, андар ҳафтмоҳагӣ орзуи ҳаракат карда бошад, вале ҷудо шудан натавониста, андар заҳдон монда бошад ва ӯро андар ҳаштмоҳагӣ он чи ки ёд кардем, рӯй дода ва андар муддати як моҳ ба ҳадде ҷон гирифта бошад, ки қувваташ боз омада, аз ҳоли сарнагунӣ рост шуда бошад ва то дубора сарнагун шудан боқӣ монда, мустаҳкам гардида, сипас ба ҷунбиш омада бошад ва чун ин гуна [тифл] зода шавад, тандуруст хоҳад буд. Агар ҳол чунин набошад, балки ӯ андар [нуҳмоҳагӣ] муштоқи баромадан бигардад, ҳукми ӯ чун ҳукми ҳар гуна тифли заифпайкар бувад. Аксари касоне, ки андар даҳмоҳагӣ зода шаванд, эшонро андар нуҳмоҳагӣ орзуи зодан руй дода, вале ин кор барояшон муяссар нашуда бошад ва эшонро он чизе ориз шуда бошад, ки ҳаштмоҳагонро ориз бигардад. Бисёр кам иттифоқ биафтад, ки орзуи ҷудо шудан андар ҳафтмоҳагӣ ба амал ояд, вале сипас ҷонгирӣ то даҳмоҳагӣ кашида, андар даҳмоҳагӣ пурра бигардад. Ин ҳол бисёр нодир аст ва бо вуҷуди он ин далели заъфи қувват бувад, чунки барқароршавии [қувват] аз ҳафтмоҳагӣ то ба даҳмоҳагӣ ба таъхир биафтад.
Мақолаи дуввум
андар баёни обистан ва бача ниҳодан
Фасли нахустин
андар тадбири ҳамагонии обистагон
[294] Агар табиаташон сахт баста бошад, бояд бо чизҳое нарм сохтани он мавриди ғамхорӣ қарор бигирад,
ки ба таври муътадил нармиоваранда буванд. Мисоли онҳо сапедбоҳои равғанӣ, ширхишт ва ғайра бувад. Бояд
ба эшон варзиши муътадил кардан ва нарм роҳ рафтани
на ба ифрот бифармоянд, зеро ба ифрот роҳ рафтан боиси афтидани бача хоҳад шуд. Ин аз баҳри он бувад, ки
андар ин ҳангом эшон ба иллати баста шудани хуни ҳайз
ва афзун гардидани фазлаҳояшон азоб бикашанд. Набо
яд пайваста гармоба кунанд, балки гузашта аз ин гармобаро ба ҷуз ҳангоми наздик расидани замони бача ниҳодан бар хеш қариб ҳаром бигардонанд. [Низ] набояд сарашонро равған кунанд, зеро аз ин мумкин аст эшонро
назла рӯй дода, сурфа ба амал ояд ва ин ҷанинро ларзонида, аз барои афтидан омода созад. Бояд аз ҳаракатҳои
беандоза сахт, аз ҷаҳидан, кӯфт хӯрдан, афтидан, хусусан аз ҷимоъ кардан, шикамро бо ғизо пур кардан ва аз
хашмгинӣ хештанро дур бидоранд. Ба эшон на бояд хабарҳои ғаму андӯҳангезро бирасонанд. (571) Хусусан
андар моҳи якуми обистан то бист рӯз ва алалхусус ан дар ҳафтаи якум то се рӯз бояд аз ҳамагуна сабабҳои бачапартоӣ дур дошта шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор