Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

НаврасонАфсона

ДУХТАРИ ДОНО ВА ЛАВАНД
(Афсонаи халқи тоҷик)

Буд набуд, як подшоҳ буд, кору бораш шикор буд. Рӯзе ҳамроҳи вазираш ба шикор рафта истода буд, ки аз болои сарашон як зоғ қар-қар карда гузашта рафт.
– Зоғ чӣ гуфт? – пурсид подшоҳ аз вазираш.
– Намедонам. Зоғ буд, қар-қар карду рафт,– ҷавоб дод вазир.
– Ту чӣ хел вазирӣ, ки маънии қар-қари зогро нафаҳмидӣ? Ту, вазири ман, бояд ҳама чизро донӣ!
Рав, агар то пагоҳ муайян накунӣ, туро ба дор мекашам.
Вазир ғамгин шуда ба хонааш баргашт.
– Падарҷон, чӣ шуд, чаро шумо хафа? – пурсид духтараш.
– Духтаракам, подшоҳ маро ба дор мекашад! – Вазир воқеаи шудагиро ба духтараш нақл кард.
– Падарҷон, ғам нахӯред,– гуфт духтар,– ман илоҷашро меёбам.
Духтари вазир бо камбағалдухтаре дугона буд.
Духтари камбағал доно буд, ҳама чизро медонист; мегуфтанд, ки вай ҳатто забони мурғонро медонад.
Духтари вазир ба пеши дугонааш омада, воқеаи шудагиро гуфт.
– Ғам нахӯр, – гуфт духтари камбағал, – ман маънии қар-қари зогро медонам ва ба ту мегӯям.
Ҳамон зоғ гуфтааст: «Зани оқила марди нодонро доно карда метавонад!» Ту ғапи маро ба падарат

аз 87
навбатӣ