БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Буҳрони маънавӣ дар самти фарҳангҳои миллӣ бо дахолати тамоюли ҷаҳонишавӣ эҷод гардида, ин ҷараён таъсиргузории милалу давлатҳоро заиф сохта, худмуайяншавии афрод дар иҷтимоъ ормонҳои навро тавлид менамояд.
Бинобар ин, аҳамияти ормонҳои миллӣ дар низоми ҳувияти иҷтимоии шахс коста шуда, зеҳни инсон пайваста ба майдони ҳаводиси глобалӣ мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи зикршуда, аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ, хеле актуалӣ ба назар мерасад.
Иқтисоди миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ хоҳем-нахоҳем аз ду ҷониб баррасӣ мешавад: яке бартариҳое, ки ин раванд барои иқтисоди миллӣ фароҳам овардааст, дигарӣ бегуфтугӯ он камбудиҳое ҳастанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо худ тавлид мекунад. Ду раванд дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ роҳандозӣ мегардад: яке либерализатсияи савдо ва дигаре трансмиллӣ шудани иқтисодиёти ҷаҳонӣ. Аввалӣ бо дарназардошти давраи муосири тавсеаёбии робитаҳои тиҷоратии байналмилалӣ бо афзоиши сатҳи нуфузи мутақобили давлатҳо нисбат ба якдигар мушаххас мешавад. Бо ин аҳвол, давлатҳое, ки муваффақиятҳои пешравро дар бозори байналмилалӣ ишғол мекунанд, ҳамчунин, бештарин таъсирро дар шаклгирии қонунҳои тиҷорати ҷаҳонӣ доранд. Бинобар ин, озодсозии тиҷоратро метавон навъи коҳиш ё рафъи монеаҳои ҳаракати маҳсулоти аз хориҷ ба бозорҳои миллии кишварҳо аз тариқи ҳазфи маҳдудиятҳо номид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё