Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин амали муаллиф усули омўзиши муқоисавӣ-таърихиро такмил мебахшад, ки аз илмитарин шеваҳо дар ҷодаи таҳқиқ ба шумор меравад.
Зикри китоби таърихии “Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик”, ки ифодагари ғурури баланди миллӣ доштани нависанда мебошад, муаллифи мақоларо ба хулосае меорад, ки Садриддин Айнӣ бо ин асараш натанҳо аз вуҷуд доштани халқи тоҷик дарак медиҳад, балки собит месозад, ки миллати мо дорои тамаддуни бостонист ва маънавиёти ў аз суннатҳои ахлоқӣ ва вожаҳои мўътабаре чун ғурури миллӣ, нангу номус, ватандорӣ, дифои марзу бум, сулҳхоҳӣ, шуҷоат ва мардонагӣ иборат аст.
Нуктаи муҳим дар мақола, ки дар мадди назари суханшиносон қарор дорад, ин таъсири осори панду ахлоқии классикон, инсонгароӣ ва ваҳдатсароии онҳо ба таълифоти Садриддин Айнӣ аст. Ҳини омўзиши осори классикон устод Садриддин Айнӣ бо бардошти маънавӣ худ низ дар нигоштаҳояш ба фалсафаи ҳазорсолаи адабиёт таҳким бахшид. Яке аз рукнҳои муассир ва пурарзишии осори устод дар ҳамин хусусияти адабии он мебошад. Ба иборати дигар “Ёддоштҳо” барин асари таърихии устод Айнӣ на танҳо аз ҷиҳати фарогирии матолиб, инъикоси ҳақиқати таърихӣ, ҳаҷм, услуб ва сабки нигориш ва боз даҳҳо хусусиёташ балки аз лиҳози ҷанбаи ахлоқиву фалсафии худ, ҳамчун китоби дорои арзиши умумибашарӣ эътироф гардидааст. Ин маънии онро дорад, ки Садриддин Айнӣ натанҳо асосгузори адабиёти навин, балки идомабахши адабиёти ҳазорсолаи тоҷик маҳсуб мешавад ва дар шумори классикони тамаддуни олам қарор дорад. Ин андешаро муаллифи мақола ҳини сухан кардан аз ҳунар ва истеъдоди суханварони классикии мо иброз медорад:
«Танҳо бо ибрози ҳунару истеъдоди воло, ибрози ҳақиқат, ифодаи маъниҳои баланд, ки ба дарду ниёзи мардум ҳамсадо бошанд, дар адабиёт ҷовидон мемонанд, азизи ҳар фард ва ҳар хонадон мешаванд.

пешина
аз 601
навбатӣ