ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар мақола ба мактаби бузурги устод Садриддин Айнӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Зеро устод дар тарбияи насли адибони ҷавон нақши бориз дорад ва усули тарбияти ў сазовори омўзиш, таҳқиқ ва пайравист. Баргузории маҳфилҳои адабӣ, мукотиботи устод Айнӣ бо адибони дигар оид ба адабиёт, маслиҳату машваратҳои устодона, ин ҳама боиси тарбияти қаламкашони ҷавон ва дар маҷмўъ рушди адабиёти навини тоҷик гардид. Аз назари Эмомалӣ Раҳмон идома додани он анъанаҳои мактаби Айнӣ барои имрўзиён муҳим буда, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Иттифоқи нависандагон мебошад. Ба иборати дигар, мактаби бузурги Садриддин Айниро бо тамоми нозукиҳояш мавриди омўзиш қарор додан кори муҳаққиқони имрўз аст ва он заминаи мўҳкаме дар рушди минбаъдаи адабиёти муосири тоҷик хоҳад буд.
Як хидмати бузурги Садриддин Айнӣ, ки аз эҳтирому муҳаббати беандозаи нависанда ба таърихи миллат сарчашма мегирад ин кўшиш дар зинда нигоҳ доштани анъана, маросиму ҷашн ва суннатҳои неки ниёгонамон ба ҳисоб мерафт. Дар мавриди пойдориву ҷовидонии яке аз ҷашнҳои миллии мо Наврўз муаллиф менависад: «Наврўз аз ҳама фишору зўровариҳо гузашта, ҳамчун иди миллӣ зинда монд. Таърих хидматҳои бузурги Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо фарзандони бузурги миллатро, ки дар рўзҳои сахт суннати Наврўз ва расму оинҳои неки аҷдодиро пуштибонӣ карданд, бо ҳарфҳои зарин сабт кардааст». (1.302) Воқеан Сарвари давлат хидмати устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро дар мавриди ҳадаф ва рисолат тавъам мебинанд ва аз амали огоҳонаву мақсадноки онҳо дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи миллати тоҷик, мустақилият ва ҳувияти хоси рушди таърихии тоҷикон сухан меронанд. Ин ду нафарро заминагузори истиқлолияти миллии тоҷикон, ки дар поёни асри ХХ амалӣ гардид, мансуб медонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор