ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Охир як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рўй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомўзи таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешорўи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд». Пешвои миллат сарчашмаи ноби тарбияро дар омўзиши ҳамаҷонибаи таърих аз ҷониби насли муосир медонанд. Махсусан, арҷгузорӣ ба корномаи аҷдодони сарафроз ва шарафманд, эҳсоси масъулият дар ҳифзи мероси моддию маънавии гузаштагон, истифода аз таҷрибаи таърихии ниёгон имкон фароҳам меорад, ки дар табиати наврасону ҷавонон баробари худшиносии миллӣ ахлоқи ҳамида ки хоси гузаштагони мо буд, шакл гирад ва инкишоф ёбад.
Пешвои миллат тазаккур медиҳанд, ки дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва дар ташаккули андеша ва тафаккури пешқадам мусоидат менамояд. Масалан, барои ҷавонони имрўза донистани он, ки гузаштагони бо нангу номуси онҳо дар ҳама ҳолатҳои тоқатфарсо, ҳатто таҳти тасарруфи дигар давлату халқият буданаш волоияти забону фарҳангашро пос медошт ва намегузошт, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омўзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои падарону модарон, беэътибоӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ашхоси ватанхоҳу ватандўст бедор месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор