ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Пешвои миллат ҳамчун муаррихи нуктасанҷ зикр менамояд, ки «Авасто» дар зиндагии ҳамарўзаи аҷдоди мо ҳамчун роҳнамои муҳим барои тамоми табақоти ҷомеа – кишоварзон, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, мўъбадону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Ба андешаи Пешвои миллат маҳз мазмуну мундариҷаи баланд, арзиши тарбиявиву ахлоқии ин китоб буд, ки новобаста ба беадолатиҳои замона, кўрдиливу бераҳмии ҳокимони ҷоҳил, гирумони таърих то ба имрўз омада расид. Воқеан, қисматҳои боқимондаи «Авасто» аз камолоти фарҳангу маънавиёти аҷдодамон дар давраҳои қадим шаҳодат медиҳанд. Махсусан, дар қисмати қадимтарини он – «Готҳо»
давраи гузариш ба зиндагии муқимӣ, густариши пешаи деҳқонӣ, ривоҷ ёфтани кишоварзӣ, ободонии манзил, ҳифз намудани шаҳр ва ғайра бо камоли таърихияту бадеият инъикос ёфтаанд. Аз мисолҳои фаровони дар асар овардашуда маълум мегардад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта будаанд, ки ба халқҳои Аврупо, Осиёи пеш илҳом бахшидааст.
Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар баробари зикри нахустин рисолати таърихии Зардушт, ки бори аввал Аҳурамаздоро ба ҳадди яккахудоӣ расонид, оид ба дигар хидмати ў таваққуф мекунанд, ки дар таърихи башарият аз назари тарбияи ахлоқӣ таъсири бузург дорад. Ин арзишҳои ахлоқиро дар либоси динӣ оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманиши зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор додани Зардушт мебошад.
Бемуҳобо, имрўз яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмўи назарияи ахлоқии ҳамидаи ниёгон маншаъ мегирад, ки таълимоти Зардушт, ки ҷавҳараш даъват ба ваҳдат, некӣ, рўшонӣ, ободонӣ, ростӣ, созандагӣ мебошад, яке аз он сарчашмаҳои ноб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор