ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
САРЧАШМАИ МУСТАНАДИ КИТОБИ ТАЪРИХӢ
Назаре ба китоби «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат»
Душанбе: Маориф, 2016, 414 саҳ.
Чанде пеш бахшида ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» китоб бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат» интишор гардид, ки он дар заминаи маърўзаҳои олимон, адибон, сиёсатмадорон, чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар конфронси илмии ҷумҳуриявӣ «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва нақши таърихии ў дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат»
рўи кор омадааст. Конфронси мазкур ба муносибати қабул гардидани қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат», ки 9-уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, бахшида шуда, нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии мардумро инъикос намуд.
Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки дар зери роҳбарии ў Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷаҳон пазируфта шуд. Аз ин рў, омўхтани таърихи зиндагии ин шахсияти нотакрор, роҳи тайкардаи ў дар расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ ва гиромидошти номи ў аз вазифаи муқаддаси имрўзиён маҳсуб мешавад.
Дар китоб 42 мақолаи пурмўҳтавои сиёсатмадорону сиёсатшиносон, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, олимони маъруф, муаррихон ҷой дода шудааст. Мақолаи Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров ба масобаи сарсухан дар партави сухани собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак ба қалам омадааст: «Мардуми Фаронса ҳеч гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромўш намекунад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор