Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) - минбаъд хоҷагии деҳқонӣ субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси хуқуқӣ амалӣ гардонида, бо меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила, шаҳрвандони дигар, ки маҳсулоти кишоварзиро якҷоя истеҳсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва амволи дигари ба аъзои хоҷагии деҳқонӣ тааллуқдошта ташкил медиҳад.
Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун субъекти (раванди) мустақил метавонад фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, яъне ҳамчун шахси воқеъӣ (физикӣ) амалӣ гардонад. Асоси хоҷагии деҳқониро аъзоҳои он, замин ва амволи истеҳсолию иҷтимоии аъзоҳои он ташкил медиҳад.Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)дар асоси ба кор бурдани амвол ва қитъаҳои замини дар истифодааш қарордошта, маҳсулоти кишоварӣ истеҳсол мекунад, онро аз нав кор карда мебарояд ва мефурўшад.
Моддаи 4. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидайн ва шахсони дигар, ки якҷоя дар хоҷагии умумӣ машғули коранд, шуда метавонанд. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рўи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дохил намешаванд ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим дароварда мешавад.
Шахсоне аъзои хоҷагии деҳқонӣ шуда метавонанд, ки агар аъзои як оила ва ё чанд оила, ки дар якҷоягӣ машғули фаъолият бошанд. Шахсоне, ки дар асоси шартнома кор мекунанд аъзои хоҷагии деҳқонӣ шуда наметавонанд ва муносибатҳои меҳнатии онҳо аз рўи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим карда мешавад. Яъне ҳуқуқи ўҳдадории онҳо нисбатан маҳдуд аст.
Моддаи 5. Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун шакли хоҷагидорӣ Хоҷагии деҳқонӣ дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисодӣ мебошад. Ҳамаи амалиёти хоҷагии он мувофиқи созиши тарафайн аз рўи ҳисоббаробаркунии нақдию ғайринақдӣ сурат мегирад.

пешина
аз 164
навбатӣ