Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар таҳияи китоби мазкур таҷриба ва услуби китобнависии методистони шинохта ва олимони варзидаи рус О.Ю. Багданова, Ф. И. Буслаева, В.В. Голубкова, М.А. Рибникова ва тадқиқоту мақолаҳои ҷудогонаи олимон ва методистони тоҷик Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, М. Шукуров, Н. Маъсумӣ, М.Қозиҷонов, М. Лутфуллоев, С. Наимбоев, С. Давронов, Т. Миров, Қ.Хоҷаев, Ш. Исломов, А. Ваҳҳобов, Ғ. Мирзоев ва дигарон мавриди омўзиш ва истифода қарор гирифтааст.
Дар муайян намудани мундариҷа ва муҳтавои китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» муаллиф талаботи стандарт, нақша ва барномаи таълимии адабиёти тоҷик ба инобат гирифта шуда, дар қисматҳои ҷудогона мақсаду вазифаҳо, асосҳои методологӣ, мушкилоти назариву амалӣ, зинаҳои таълими адабиёт, намуд, равиш, усул, намуна ва воситаҳои таълими адабиёт, талаботи шахсият ва маҳорати касбии омўзгор, омўзиши зиндагинома ва шахсияти адиб, алоқамандии идрок ва эҳсос дар осори адабӣ, хониши адабӣ ва намудҳои он, ҳунари иншонависӣ ва меъёрҳои он муайян карда шудааст.
Дар ҳамин шаклу мазмун таҳия шудани китоби дарсии «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» барои толибилмон, донишҷўён ва омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик иқдоми хайр ва самаровар буда, ба баланд бардоштани сифати таълими адабиёти тоҷик ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб мусоидат менамояд.
Таҳияи китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» дар даврони соҳибистиқлолии давлатии кишвари азизамон таҷрибаи нахустин ва амали шоиставу судманд мебошад.
Бинобар ин, аз ҳамкасбон ва омўзгорони арҷманд таманно дорем, ки чиҳати такмили он дар нашрҳои минбаъда маслиҳат ва пешниҳодоти хешро манзур созанд.
Маҳмадуллои Лутф, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

пешина
аз 344
навбатӣ