Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
бошед, он гоҳ мазмуну мундариҷаи рафтори хешро дарк накарда, дар роҳбарӣ ва умуман, зиндагонии ҷои хешро пайдо карда наметавонед. Доимо ҳаракати дар гирду атрофи ҳокимият будан ва дар даст доштани риштаи онро бояд кард. Бояд гуфт, ки ҳокимият дар навбати худ ду хусусияти хоси худро дорад, ки ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред.
-
Ҳеҷ гоҳ ҳокимиятро барои таъмини талаботи хусусии хеш истифода набаред.
-
Баръакс, худро ва кормандонро барои босуботии ҳокимият истифода баред.
Роҳбар доимо кӯшиш бар он намояд, ки аз ҳокимияти он меҳнати пурсамари мардум таъмин буда, сатҳи зиндагии онҳо беҳтар гардад. Он мардуме, ки дар ҳокимияти Шумо кору фаъолият доранд, бар футуввататон боварӣ дошта, содиқона бароятон хизмат намоянд. Аз ин хотир, усули бовар кардани одамонро ба футуввати хеш доимо дар чашми мардум бо некномӣ намоён созед, ки иборат аз қонуниятҳои зерин мебошанд:
-
Роҳбар ҳеҷ гоҳ худнамоӣ насозад ва бояд доимо кӯшиши оромию пурсабрӣ карда, аз хизмати худ ба дигарон бе миннат кору фаъолият намояд. Эҳтиёткорӣ ва дурандешӣ кафолати инкишофи босуботи ҳокимият аст.
-
Ҳеҷ гоҳ худро серкору парешонхотир вонамуд насохта, фаъолияти кориро ҳамчун раванди асосии зиндагонӣ қарор диҳед. Қобилияти кордонию роҳбарӣ ва эҷодкории Шумо бояд дар шакли табиӣ пайдо шуда, доимо ҷилои аслии худро дошта бошад, чунки аслан одамон меҳнати пурмашаққати бошитобу бемантиқро намепарастанд.
-
Доимо меъёрро нигоҳ дошта, онро дар меҳнату истироҳат, хӯрдану хоб рафтан ва ҳокимият самаранок истифода баред, чунки ҳатто чизҳои зарурӣ вақте ки аз меъёр мегузаранд, нодаркор мегарданд.
-
Диққатҷалбкунанда будани худро доимо нигоҳ дошта, сару либос ва рафтори хешро зери назорати доимӣ қарор диҳед, то доимо одамон будан ва набудани шуморо ҳис карда, бароятон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Албатта, барои ин ҳар як роҳбар бояд пайваста дар пайи навоварию кашфиётҳо буда, аз маркази диққат дур набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор