Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

48.3. Шуҷоатмандӣ ва дастгирии дармондагон
дар роҳбарӣ

Шуҷоатмандӣ яке аз хислатҳои беҳтарини роҳбарӣ буда, дар ҳалли аксари масоил нақши бузург мебозад. Вақте ки роҳбар дорои чунин хислат мебошад, дар иҷрои ҳама гуна кор бе дудилагӣ шурӯъ намуда, бо сарбаландӣ аз уҳдаи он мебарояд. Кормандон низ инро мушоҳида намуда, ҳам ба роҳбарашон ва ҳам ба худашон боварӣ ҳосил карда, боғайратона кору фаъолият менамоянд. Хиради маҷбурсозӣ ва бовар доштан ба худ ин нишонаҳои шуҷоатмандии роҳбар буда, васоити асосии рӯҳие мебошад, ки барои боварии комил пайдо кардан ба оят кӯмаки калон мерасонад.

Инчунин, бояд гуфт, ки ҳар як роҳбар дар худ боз ҷойҳои заифӣ низ доранд, ки маҳз шуҷоатмандии онҳоро пӯшонида, мардум онҳоро дигар ба инобат намегиранд. Аз тарафи дигар, маҷбурсозӣ маҳз ҳамон камбудиҳоро ошкор сохта, боло мебароранд ва имкони ислоҳи онҳо пайдо мегардад. Боварии қатъие, ки дар асоси шуҷоатмандӣ ба вуҷуд омадааст, метавонад ахбори дурустро пайдо карда, фиребу дурӯғро аз байн бардорад, чунки аксар одамон чунин хислат доранд, ки заифии дигаронро ҳис карда, эрод мегиранду аммо аз заифии худ бехабаранд. Бинобар ин, вақте ки заифии худро пай набурда ба шахси дигар имконият диҳед, ки ба қарори роҳбариатон даҳолат кунанд, он гоҳ ин ба монанди ба назди гӯсфандон овардани гург буда, эҳтимоли несту нобуд кардани рамаро дорад.

Ба ин хотир, боварӣ ба худ, иродаатонро мустаҳкам ва майдони роҳбариатонро васеъ менамояд ва барои болоравӣ шароит муҳайё месозад. Бо шуҷоатмандӣ ва қавииродагиатон кормандон ва рақибонро дар ҳайрат оварда, онҳоро боҷуръат месозед. Аз тарсу беҷуръатӣ аксари онҳо доимо ба худ мавқеи муҳофизатӣ гирифта, дигар ба Шумо ҳуҷум намекунанд. Дар ин ҳолат роҳбар имкон пайдо месозад, ки мавқеи худро мустаҳкам сохта, дилпурона мубориза барад.

Аз дигар тараф, агар Шумо фаъолиятеро пеш гирифта, дар иҷрои он
боварии комил надошта бошед, он гоҳ барои худатон монеаҳои ояндаро пайдо

пешина
аз 566
навбатӣ