Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки барои қобилияти фаъоли худро доимо нигоҳ дошта тавонистан роҳбар пеш аз ҳама бояд дар як муҳити некӯкорию некипарастӣ кору фаъолият намояд. Накӯкорӣ, боварӣ ва эҷодкорӣ дар фаъолияти роҳбарӣ устувории идоравиро таъмин сохта, мувозинати фаъолияти роҳбариро нигоҳ медорад. Вақте ки ба кормандони худ бовар мекунед, имкон фароҳам меоред, ки онҳоро пурра омӯзед ва боз аз нуқтаҳои заифии онҳо, дар илми менеҷмент нуқтаи хоҳиш мегӯянд, истифода карда тавонед. Ин нуқта барои роҳбар дарвозаи ба қасри мустаҳками зердастон даромадан буда, имкон медиҳад, ки бе мушкилӣ дохили қаср гашта, аз имкониятҳо истифода баред. Ҳар яки мо низ ин заифиро дорем. Баъзан маврид хоҳиши онро менамоем, ки моро ором гузоранд, то мувофиқи фаҳмишу хоҳиши худ кору фаъолият намуда, ба дигарон кордор набошем, аммо дар фаъолияти роҳбарӣ ин ғайриимкон буда, мо маҷбур ҳастем, ки бо кормандону истеъмолкунандагони худ кору фаъолият дошта, пайваста дар омӯзиши онҳо бошем. Одамон вобаста аз заифии хислаташон аслан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал одамони оддӣ ва кушодарӯе мебошанд, ки дарки онҳо он қадар мушкил набуда, ҳатто худи онҳо заифишонро эътироф менамоянд. Гурӯҳи дуввум шахсиятҳои хеле мушкилфаҳм буда, онҳоро дарк кардан қариб ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин гурӯҳи одамон барои роҳбар хатарнок буда, доимо метавонанд мушкилоти ғайричашмдоштеро бароятон пешниҳод намуда, Шуморо дар ҳолати ногувор қарор диҳанд. Бинобар ин, барои пайхас намудан ва дар амал ба кор бурдани заифии кормандон аз қоидаҳои зерин бояд истифода кард:

  1. Диққати асосиро ба ишораҳо ва суханронию чеҳраи шахсиятҳо равона созед. Бояд гуфт, ки аксар мутахассисони рӯҳшинос хислати қариб 60- 70% одамонро аз чеҳраи онҳо муайян месозанд. Инро дар натиҷаи омӯзиши пайвастаи корманд метавон ба даст овард, яъне рафтори кормандро дар ҳолатҳои гуногун мушоҳида карда, аллакай хоҳишу дархости онро муайян кардан мумкин аст.
  2. Аксари хислатҳои заифиро кормандон аз овони кӯдакӣ ба худ мегиранд.
    Аз ин хотир, дар баъзе ҳолатҳо мебинед, ки корманд рафтори кӯдакона зоҳир менамояд. Ана дар ҳамон нуқта заифии ӯро метавон мушоҳида кард.
пешина
аз 566
навбатӣ