Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мекунем. Аммо афсӯс, ки бисёр ҳолат ин ваъдаҳоро фаромӯш карда, баробари ба як синни муайян расидани кӯдак тақдири ӯро ба худаш ҳавола дода, ҳама чизро бароиш маҳдуд месозем. Маҳз чунин маҳдудиятҳо аксар маврид боиси он мегарданд, ки роҳи худро дар зиндагӣ наёфта, умрро сарсону саргардон ва бесамар мегузаронем. Баъзан аз ин ҳолат ғамгину нохуш гашта, атрофро гунаҳгор мекунем ва амри тақдир дониста, тамоман кӯшиши пешрафт накарда, сарозер дар чоҳи зиндагӣ афтида, фано мегардем. Чунин ҳолатро фақат шахсе паси сар карда боло баромада метавонад, ки нисбати худ эҳтироми бузург дошта, нагузорад, ки қурбони пастии зиндагонӣ гардад, чунки инсон аз хоки баланд аст ва Худованд ӯро барои кору фаъолияти баланди ақлонӣ офаридааст. Ин вазифаи офаридгории баландро ҳар як роҳбар бояд вазифаи аввали хеш шуморад ва ба он нишонагирӣ намуда, хирадмандона кору фаъолият намояд.
Гуфтаҳои боло стратегияи нотакрории роҳбарӣ буда, гарчанде мушкулу мураккабанд ва меҳнати пурмашаққатро талаб менамоянд, аксар маврид иҷрошаванда буда, роҳбарон бо ин роҳ нақши бузурги таърихие мегузоранд, ки ҳазорсолаҳо дар ҳаёти мардум мақоми накӯ дошта, умуман, аз хотираҳо фаромӯш намегарданд. Маҳз рафтори эҷодкорию шуҷоатмандии Шуморо аз миёни мардуми оддӣ берун бароварда ҷилвагар менамояд, ки ин дунёи тамоман дигар аст, чунки атрофиён аллакай қобилияти шуморо қадр ва муносибаташон куллӣ дигар карда, бо якумеду боварии баланди дастгирӣ менигаранд. Аз тарафи дигар, Шумо низ инро ҳамчун нишони эҳтирому қадрдонӣ қабул намуда, фикрронӣ ва эҷодкориро боз ҳам баландтар намоед, на ин ки аз худ рафта, ин ҳолатро вазифаи зердастон шуморида, ба қадри онҳо нарасед. Дар хотир дошта бошед, ки роҳбари мағрур ва ҳавобаланде, ки ба қадри эҳтироми зердастони хеш намерасад, эҳтироми касбнамудаашро новобаста аз он, ки дар кадом зинаи роҳбарӣ қарор надошта бошад, пас аз муддате аз даст медиҳад.
Нишони дигари нотакрории роҳбарӣ ин қобилияти ба атрофиён нишон додани захираи дохилии хеш дар вақти зарурӣ мебошад. Барои ин як қатор рафторҳои рӯҳии роҳбарӣ лозим аст, ки на ҳама роҳбарон дар вақти зарурӣ аз уҳдаи нишон додани он баромада метавонанд.
Аввал, боғайратӣ ва шуҷоатмандии роҳбар дар вақти қабули қарори роҳбарӣ ва дарки масоил, дар ҳолатҳои гуногун бояд бараъло мушоҳида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор