Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар хиради менеҷменти тоҷик инро ҳамчун ниШонаи рӯшноии оннан ҷилодиҳандаи роҳбарӣ дониста, таъкид карда мешавад, ки ин рӯшнои ба монанди рӯшноии маҳтоб бояд доимо ҷилвагар ва ба ҳама якхела равшанӣ дода, тамомнашаванда бошад. Албатта, чунин як ташбеҳи баланд нишони олии ҳидояти хиради роҳбарии тоҷикон буда, моро ба он водор месозад, ки маҳз ба чунин баландиҳо назар дошта, аз торикии рафтори роҳбарӣ дур бошем.
48.5. Ташкили роҳбарӣ дар ҳолатҳо ва мустақилияти
сарварӣ
Хонандаи азиз, мо дар қисмҳои 2-3-юми китоб оиди ташкили роҳбарӣ дар корхонаҳо, ки дар ҳолати муқаррарии корӣ ба миён меоянду ҳамавақта ҳамчун қоида ва тарзу усули вазифадорию ҳукмронӣ бояд иҷро карда шаванд, муфассал ибрози андеша намудем. Аммо дар зиндагӣ ва умуман, фаъолияти роҳбарӣ ба ҳолатҳои гуногуне метавон дучор гардид, ки қоидаҳо ва қонуниятҳои мавчуда пурра дарҷ нагардидаанд ва ё иштироки Шуморо ҳамчун роҳбар дар ҳамон ҳолатҳо муайян насохтаанд. Аз ин хотир, мо дар ин бахши китобамон кӯшиш бар он медиҳем, ки то андозае оиди рафтори роҳбар дар ҳолатҳои ногаҳонию фавқулода сухан гуфта, мустақилияти сарвариро устувор нигоҳ дорем.
Аввал, ин ки вақте ҳамчун роҳбари некхоҳу созанда тарбия меёбеду ба кори нек одат менамоед, аз ҳуҷумҳои ноҷавонмардонаи рақибон, ки ин пешравиро дидан намехоҳанд, каме бехабар мемонед. Ин рақибони ноҷавонмард тамоми роҳу усулҳо ва ҳолатҳоро истифода карда, мехоҳанд, ки ба Шумо барои нисбат ба онҳо бартарӣ доштанашон садди роҳ шаванд. Аслан, ин рақибон дӯстон атрофиён ва ё зердастонатон мебошанд, ки нисбататон саводи нокифоя ва ё имконоти пасттар доранд.
Дар баъзе ҳолатҳо онҳо метавонанд, ки ҳаракати афзалиятноки Шуморо
ҳамчун роҳбари донишманд бар зидди раванди инкишофи ҷамъияти муаррифӣ
намоянд ва ба ҳолатҳои ногувор гирифтор шавед. Дар ин ҳолатҳо бояд аз усули
файласуфи хирадманд Суқрот истифода кард. Қадами аввали ин донишманд он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор