Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ақида мувофиқ аст. Ин амал дар ҳолате метавонад рух диҳад, ки қувваҳои сиёсии кӯҳна аз байн рафта истода, қувваҳои наву тоза омодаи воридшавӣ ба майдони сиёсат мебошанд ва худ хоҳони эҷодкориҳо буда, фикрҳои навинашонро метавонанд ҳам ба муқобили ҳокимияти кӯҳна истифода намояд ва ҳам ба манфиати ҳокимияти нав. Албатта, чунин ҳолатҳо низ нозукиҳои худро дошта, дар ҳаёти эҷодкории роҳбарӣ кам ба вуқӯъ мепайвандад, вале ҷараёни роҳбарӣ чунин аст, ки ҳар замон тағйироту кашфиёту ихтирооти навинро талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ бояд ин талаботҳои инкишофи иқтисодии бозоргониро таъмин созад ва роҳбарон аз он омилҳои кӯҳнаи замони пешин, ки мо дар боло қайд намудем, куллӣ бояд даст кашида, озодии сарвариро таъмин созад.
Дигар нуқтаро низ таъкид карданием, ки дар садсолаи гузашта, маҳз роҳбарони замони шӯравӣ бо истифодаи услуби хеле зиракона доимо аз номи халқ сухан гуфта, коллективизмро ҳамчун яроқи тавоное бар зидди донишмандону хирадмандон истифода карданд. Онҳо бо истифода аз қудрати давлати марказонидашудаи коммунистии Шӯравӣ ба ҳама фиребгарию ҳиллакорӣ даст зада, ҳайати коммунистони роҳбарикунандаро дар солҳои охир аз хабаркашону фиребгарон ва дурӯғгӯёну маккорон пурра карда, ба муқобили донишмандию хирадмандӣ хиёнаткорона мубориза бурда, дар натиҷа решаи ҳокимияти Шӯравиро заиф ва онро ба дасти худ сарнагун намуданд. Ҳоло низ дар Тоҷикистон дар баъзе ташкилоту корхонаҳо ва ҳатто дар муассисаҳои таълимӣ ин гуна хиёнаткорон кору фаъолият менамоянд, ки қоидаҳои давлати ҳуқуқбунёди демократиро инкор карда, худ ба тамаъҷӯӣ даст зада, муқобили ҳама гуна навоварӣю эҷодкорӣ ва сабабгори асосии монеаи инкишофи иқтисодӣ ва камбизоатии мардум мебошанд.
Дар хотир бояд дошт, ки сарварони оқилу доно Анӯшервони Одил, Исмоили Сомонӣ, Д. Рузвелт ва Д. Линколн фақат дар асоси қадр кардани арзишҳои хиради инсонӣ ба дараҷаҳои баланди сарварӣ расида, номашонро садсолаҳо зинда мондаанд.
Ҳолати дигари роҳбарӣ, ин ба Шумо пешниҳод намудани хизматҳои ройгон аз тарафи кормандон, зердастон ва шахсони ношинос мебошад. Ҳар як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор