Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷо, талаботи сарварӣ дар ҳолатҳои гуногун ин ҷисми кулли зинда буда, алоқамандии олами беруна ва дохилаи муҳити кормандонро ба мақсади худинкишофёбӣ, худнигоҳдорӣ ва худшиносӣ ҳамчун сарчашмаи нерӯи ақлонӣ мустақил нигоҳ медорад.

48.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ

  1. Искандар аз ҳакимони Бобул пурсид:
  • Шуморо фузунӣ дар шуҷоат аст ва ё дар адл?
    Гуфтанд: Чун дар амали хеш адл мекардем, ба таҳқиқ бениёз мебудем аз шуҷоат.
  1. Имом Шофеъӣ (р) гуфт:
  • Асбоби роҳбарӣ панҷ аст:
    ❖ ростгӯӣ;
    ❖ пинҳон нигоҳ доштани сир;
    ❖ вафо ба аҳд;
    ❖ насиҳат кардан;
    ❖ адо кардани амонат.
  1. Марде дохил шуд назди Ҳошим ибни Абдумалик ва гуфт:
  • Эй амиралмӯъминин, ҳифз кун аз ман ин чор калимаро, ки дар он салоҳи мулк ва барпоии раият аст.
    Гуфт:
  • Чӣ ҳастанд он калимаҳо?
    Гуфт:
  • Аз душман бияндеш, бо дӯст содиқ бош, бар амали хайр бипардоз, бо ҳакимон машварат кун.
  1. Аз ҳакиме пурсиданд:
пешина
аз 566
навбатӣ