Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

49.1. Усулҳои ноил гаштан ба хиради экологӣ ва дӯстдорӣ
дар менеҷменти муосири тоҷик

Хонандаи азиз, дар ин бахши китобамон мо ба Шумо оид ба он хислатҳои хоси дӯстдории роҳбарии тоҷикон, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта омадааст, сухан гуфта, доир ба табиатдӯстӣ ва инсондӯстии миллати тоҷик андешаронӣ менамоем. Дар ҳақиқат дар тамоми таърихи башар тоҷикон аввали қабили миллатҳое мебошанд, ки табиатдӯсту инсонпарваранд. Пас, барои ин миллати инсондӯст зӯроварии ҷисмонӣ роҳи ҳукмронӣ набуда, балки ҳалимию дилёбӣ, покии табиӣ усули асосии роҳбарӣ гаштааст. Дар ҳақиқат барои он ки Шуморо дӯст доранд, пеш аз ҳама худатон табиатан пок буда, онҳоро бояд дӯст дошта бошед. Барои ноил гаштан ба ин падидаи беҳтарини инсонӣ мо дар навбати аввал хислатҳои хоси муҳити табиат ва рӯҳии одамонро омӯхта, хоҳишу майл ва хусусиятҳои табиии онҳоро аз худ карда, вобаста ба он ҳақиқатпарастона рафтор намоем. Аз ин ҷост, аксари роҳбарони замони Шӯравӣ, ки аз ҳақиқатпарастӣ дур буданд, ҳеҷ гоҳ дар байни халқи оддӣ иззату эҳтиром ва муҳаббат пайдо накарданд.

Ин гуна роҳбарон ҳокимиятро ҳамчун восираи истисмори одаму табиат қарор дода, чунин мешумориданд, ки гӯё одамон вазифадор ҳастанд, ки онҳоро эҳтиром ва ба онҳо хизмат кунанд ва ҳуқуқи ба муқобили онҳо чизе гуфтан надоранд, боигарии табиат беохир асту бо ҳар роҳе хоҳанд ҳосили маҳсулот ва дигар сарватҳои табииро золимонаю бераҳмона истифода баранд.

Албатта, чунин рафтори роҳбарӣ оқибат надошта, ин гуна роҳбарон ҳеҷ гоҳ дӯстдорони худро на дар табиат ва на дар ҷамъияти солим пайдо карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, барои ба даст овардани мансаб ба тамоми хиёнатҳои зидди табиию инсонӣ тайёр буданд ва намегузоштанд, ки миллати тоҷик анъанаҳои миллии худро нигоҳ дораду хушбахтона кору фаъолият намояд.
Табиати Тоҷикистони азизро чунон заҳролуд намуданд, ки барои барқарор сохтани он боз 50 солҳо зарур аст, чунки ин ҳокимон ба мардуми тоҷик ҳамчун тӯдаи коргару деҳқон назар доштанд, на шахсиятҳои алоҳида, ки соҳиби ақлу хирад ва донишҳои баланду ҷаҳонбинии махсус. Мавзӯъҳои зебо ва

пешина
аз 566
навбатӣ