Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ба мақсадҳои истеҳсолию тиҷоратнатон мебошанд. Чунин нигоҳ ба корманд, роҳбарро водор месозад, ки оид ба муносибатҳои хеш бо кормандон ва табиат андеша карда, рафтор намоянд. Дар бораи мақсадҳои худ андеша карда, ба масоили атрофиёне, ки заминагузори иҷрои он мебошанд, диққати бештар бояд зоҳир намуд. Чуноне ки дар замони худ иқтисодчии бузурги немис Ф. Энгелс гуфта буд: «Мо чӣ қадаре ки ба табиат муносибати ғоратгарона дошта бошем, табиат барои ҳар як чунин рафтор аз мо садҳо маротиба зиёдтар қасос мегирад».
Дар ҳақиқат таърихи иқтисодию роҳбарии тоҷик бисёр мисолҳои даҳшатовари ҳодисаҳои табииро медонад, ки ҷони садҳо одамонро бурда онҳоро зери хок мондаанд. Барои Тоҷикистон ҳодисаҳои Саргазон (соли 1986) ва Шарора (соли 1989) ҳодисаҳои экологӣ ҳисоб меёбанд.
Бинобар ин, омӯзиши талаботи табиат, ҳолати рӯҳию саломатӣ ва иҷтимоию экологии одамон масоили аввалиндараҷаи роҳбарият ба шумор рафта, мақсади асосии хиради экологӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Афсӯс, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон низ кам ҳолатҳо мушоҳида мешаванд, ки роҳбарон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода бошанд. Дар вақти сӯҳбатҳо бо роҳбарони зинаҳои гуногуни идорӣ, онҳо соатҳои дароз оид ба корхонаи хеш сухан гуфта, оид ба вазъи иҷтимоии кормандон қариб чизе намегӯянд. Оид ба ҳолати табиат ва хосиятҳои он ҳатто тасаввурот надоранд.
Дар хотир дошта бошед, ки кормандонро дӯст дошта, бо ҷалби онҳо пеш аз ҳама дар корхона муҳити хуби корию экологӣ ташкил карда, шароити озоди фаъолият ва эҷодкорӣ муҳайё месозед. Истифода аз қобилияти зеҳнии ҳар як корманд имконоти асосии пешравии ташкилоти Шумо мебошад. Новобаста аз хираду дониши худ, агар дар кору фаъолият ҳақиқатпарасту ростқавлу ростгуфтор набушеду фаъолиятатонро ба хиради экологӣ мутобиқ насозед, касе мувофиқи гуфторатон амал намекунад ва ҳатто нисбататон ҳисси бадбинӣ пайдо месозанд. Ва баръакс, доимо аз аҳволи корманди хеш бохабар будан, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намудан, вақту соати хоси табиатро шинохтан имкон медиҳад, ки кормандон рӯҳан қавӣ гашта, саломатии худро нигоҳ доранд ва самаранок меҳнат кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор