Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Мо боварӣ дорем, ки ин китоб ба он масоиле ки дар боло номбар намудем, барои бахше аз роҳбарони мо, мутахассисони соҳаҳои мухталиф ҳанӯз норавшан буда, дар тарбияи шогирдон, роҳбарони оянда мақоми арзанда дорад. Агар дар заминаи хиради ниёгони хеш кору фаъолият дошта бошем, роҳи дурусти инкишофи босуботи иқтисодии миллии худро тезтар пайдо намуда, Худо хоҳад дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба зинаҳои баланди инкишофи инсонӣ расида, иқтисоди устуворро таъмин ва барои миллати тоҷик зиндагонии хубтару беҳтар барпо месозем.
Дар чунин як марҳилаи тақдирсози инсонӣ фақат хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ метавонад омили асосии хиради роҳбарӣ гардида, ҳисси ватандӯстӣ ва инсондӯстии ҳар як фардро боло бардораду мо ба қадри хоку обу нони ин мамлакати азизамон, ки дар ҳақиқат биҳишти рӯи замин мебошад, бирасем.
Дар таърихи илми менеҷмент то ҳанӯз ба афкори иқтисодии халқи тоҷик он қадар диққати ҷиддӣ дода нашудааст ва аз ин ҷост, ки китоби алоҳидае низ оиди «Хиради роҳбарӣ»-и тоҷикон дар менеҷмент таълиф нагаштааст. Аз ин хотир мо аз хонандаи азиз узр мепурсем, агар баъзе сарчашмаҳоро истифода карда натавонем ё худ ба баъзе хато ва ё нуқсоне дар вақти омӯзиши баъзе мафҳумҳо содир шавад ва вобаста ба ин мо тайёр ҳастем, ки пешниҳоду эродҳои Шуморо дар оянда ба инобат гирем.
Хушбахтона дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов асарҳои зиёде оиди таърихи халқи тоҷик, давлатдории тоҷикон, осори бузургони миллати тоҷик дар соҳаҳои гуногуни илму ҳунар таълиф гардидаанд, ки асарҳои банда низ маҳсули давраи истиқлолият мебошад.
Албатта, дар ҷодаи зинда гардондани таърихи ниёгони мо мавқеи шоҳасари таърихии аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (Ирфон, 1989 с.) ва асари сеҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов «Тоҷикон дар оинаи таърих» хеле бузург буда, оид ба комёбиҳои бузурги таърихии миллати тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо муфассал суханронӣ мешавад.
Таҷлили ҷашнҳои 1100-солагии Давлатдории Тоҷикистон (соли 1999), 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё