Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

КӯдаконАдабиётҲикоя

Қаҳрамонони ҳикояҳои шодравон Қурбон Алӣ, ки дар маҷмӯаи «Яккаписар» гирд оварда шудаанд, асосан занҳо, духтаронанд. Адиб аз назари онҳо ба ҳаёти одамон нигариста, ба ин васила як силсила образҳои хотирнишин офаридааст.

ЯККАПИСАР

Кунда зарангвор сахт буд. Табарро ҳарчанд базарб занад ҳам, аз он базӯр парахае мекуҷид. Модар кундаро чанд бор ин сӯ-он сӯ ғелонда дид ва ниҳоят рост карда монд ва нафаси чуқур кашида, табари вазнинро ба сараш бардошт. Ин дам аз поёни майдон овози марде шунида шуд.
— Шоиста, ҳой Шо-ис-та!..
Овози дупӯстаи мард ба Шоиста нафорид магар, ки ӯ лаб газида, абрӯвонашро чин кард.

Кунда табарро газиду ба як тараф ғелид. Вақте ки Шоиста номи худро дубора шунид, чашмони обравашро молида-молида, ҳаросону беовоз ба тарафи майдон рафт. Марди фарёдкунанда, ки хаткашони деҳа буд, рӯиҳам ҷомаю пӯстин пӯшида, ба сараш фуӯтаро саллавор баста, фаҳул шуда буд, дар байни дарахтон вазнин-вазнин раву дошт. Хаткашони солхӯрда Шоистаро диду ҳолпурсӣ кард:
— Сиҳат-саломат ҳастӣ, духтарам?..

Ҳолпурсии дилсӯзонаи хаткашон ҳам ба гӯши ӯ нафорид. Шоиста чашм аз замин намебардошт. Хаткашон сурфа кардаву тамоми баданаш ларзида гап

аз 37
навбатӣ