Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър

БУЗУРГМЕҲРИ ТОҶИДДИН

ҒАЗАЛҲО


Ба симои самоӣ модари ман,
Ба расми рӯшноӣ модари ман.

Ҷавониро барои хоҳарам дод
Ба тақдири худоӣ модари ман.

Дуо гӯяд, ки ёбам умри дигар
Чу Синову Саноӣ модари ман.

Ҳадиси дӯстӣ хонад ба гӯшам
Зи Ҷомиву Навоӣ модари ман.

Барои он ки бо дунё бисозам,
Кунад сабри ҷудоӣ модари ман.

Ба ҳаққи бовараш аз ман набинад
Ҳавасҳои ҳавоӣ модари ман.

Кушояд олами дигар ба рӯям
Бад-он сон даркушоӣ модари ман.

Ғаму шодӣ ба ҳам диду аз ин кард
Ба ҳарду худфидоӣ модари ман.

Ба мисли шеърҳои Хоҷа Ҳофиз
Надорад норасоӣ модари ман…


Дур шуд чашми ҷаҳонҷӯи ман аз рӯи падар,
Такягоҳаш сабр гашту ман ғазалгӯи падар.
Дар диёри дур бошад сабз нахли қоматам,
Хушк шуд беду сафедори дари кӯи падар.

аз 39
навбатӣ