Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Омилҳое, ки самараи кори роҳбариро паст менамоянд: ба ҳар гуна овозаҳо ва дурӯғҳо бовар кардан, бо ҳар гуна ҳолатҳо ва ҳодисаҳои дуюмдараҷа асабӣ шудан, бетаҳлил нисбати ҳодисаҳо хулосаи шитобкорона баровардан, мӯҳлати иҷрои корро бе асос аз як вақт ба вақти дигар гузаронидан, доимо бе тайёрии аниқ фаъолият намудан.
-
Қоидаҳои ба муваффақият ноил гаштан — нисбати худ серталаб ва сахтгир будан, мақсади асосии худро муайян сохтан, аз муваффақиятҳо қаноатманд будан, нобарориҳо ва ӯҳдабарориҳоро эътироф намудан, натиҷаи кори дигаронро аз худ накардан, аз худтаърифкунӣ парҳез ва натиҷаи кор ба корҳои одамони бузург муқоиса намудан.
-
Таҳлили ба мақсадрасии роҳбар — мақсади асосии ман, ба мақсадам расидам ё не, оё имкони аз ин бештарро дорам, ман боз чӣ кор карда метавонам, нақши аввалиндараҷаи ман дар менеҷмент, роҳ, усул ва захираҳои ба мақсадрасии ман.
-
Хислатҳои хуби роҳбарӣ — хештаншинос будан, бовичдонӣ ва адолатпарастӣ дар роҳбарӣ, дараҷаи баланди иҷрои корро аз худ ва зердастон талаб намудан, қобилияти пешгӯии ҳолатҳоро доштан, нисбат ба дигарон дилсӯз будан, дар ҳама ҳолат устувор будан.
-
Талаботи гуфтушуниди расмӣ — дар ҳама ҳолат ба худ боварии комил доштан, боваркунонии дигарон бо роҳи истифода аз факту рақамҳои аниқу воқеӣ, дар вақти муҳокима аз эҳсосот дур будан, фикри қабулшударо чунон вонамуд кунед, ки гӯё фикри ҳамагон аст, ба касе дар вақти сӯҳбат не нагӯед, барои бурд дар гуфтушунид боз далелҳои захиравиро дар худ нигоҳ доред, дар ҳолати қабул надоштани фикри шумо ба масоили дигар гузашта баъди андаке боз ба он баргардад.
-
Омилҳои замонавии тағйирдиҳандаи менеҷменти корхона — идоракунии тағйирёбии моликияти зеҳнӣ ва мадании одамон, идораи тағйирёбии босуръати бозор, идоракунии таъсири Интернет, идоракунии унсурҳо ва талаботи навини истеъмолкунандагон.
-
Унсурҳои асосии инкишофи санъати менеҷмент — дарки пурраи масъулият дар ҳама табақаҳои менеҷмент, ташкили модели концептуалии системи арзишҳо, рафтори роҳбарӣ, қоидаҳо, диққати асосиро на ба ҳуқуқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор