Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Таъсири маданияти миллӣ ба менеҷмент — масофаи ҳокимият, аз номуайянии дур будан, фардгароӣ ва коллективизм, омили гендерӣ, нишонагирии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат.

  2. Душманони санъати роҳбарӣ — бетоқатӣ, қасдгирӣ, худпарастӣ, гумонбарӣ, нобоварӣ, рашк, бенизомӣ, дурӯғгӯӣ, беназоратӣ, беиродагӣ, камсаводӣ, бефикрӣ, шитобкорӣ, бемантиқӣ, бемавқеӣ, сергӯӣ, нописандӣ.

  3. Вазифаҳои буҷагузорӣ — банақшагирӣ, мақсаднокӣ, танзимкунӣ, назоратӣ, баҳодиҳӣ.

  4. Буҷа — барномаи мақсадноке мебошад, ки қисми марказии соҳибкории стратегиро ташкил дода, тактикаи фаъолияти менеҷерон ба ҳисоб меравад ва мавқеи ташкилотро баъди натиҷагирии солона муайян месозад.

  5. Талаботи буҷакунонӣ — моҳият, мақсаднокӣ ва миқдори буҷакунонӣ барои ҳар як шӯъба, мӯҳлати коркарди буҷа ва тасдиқи он барои ташкилот, дархосту пешниҳодҳои шӯъбаҳо барои ворид сохтани иловаю тағйирот дар буҷа, реҷаи буҷакунонии ҳар як шӯъба, нишона, суроға ва ному насаби мутахассисони ҳар як шӯъба.

  6. Андешаҳои менеҷери пешво оид ба буҷакунонӣ — роҳҳои баланд бардоштани самаранокии буҷакунонӣ, ҷалби ҳамаи мутахассисони касбӣ барои буҷакунонӣ. Дастгирии мутахассисон, тартиб додани дастурамал, пурра ворид намудани навовариҳо ва эҷодкориҳо.

  7. Ҷавобгӯ будани стандартҳои буҷакунонӣ ба чунин талабот: стандартҳо бояд хеле оддӣ ва аз унсурҳои бюрократию худнамоишӣ дур бошанд, ҳамаи қолабҳо, пайдарпайӣ, иҷрои кор ва ҷадвалҳо бо ҳам мувофиқ бошанд, қолабҳои стандартӣ бояд мантиқан дуруст бошанд.

  8. Роҳҳои истифодаи сарфакоронаи маблағҳо — тамоми хароҷот бояд барои ҳар як намуди мол гурӯҳбандӣ карда шаванд, маблағи хизматрасониҳо аниқ муайян карда шаванд, хароҷот ба солҳои гузашта ва ҳаҷми хароҷот ба даромад муқоиса карда шаванд, мӯҳлати хароҷот вобаста ба маҳсулот ва иҷрои корҳо, нархи мол, хизматрасониҳо ва хароҷоти вақт пешгӯӣ карда шаванд.

пешина
аз 463
навбатӣ