Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акнун бовар кардед, ки Нуров кист боз мегўед, ки мо дуздӣ кардем.
– Агар Нуров ҷиноят карда бошад, дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад на дар назди шумо. Агар шумо ба гуноҳи худ пурра иқрор шавед ва ба тафтишот ёрӣ диҳед ҳангоми мурофиаи судӣ суд ин ҳолатҳоро чун ҳолати сабуккунанда ба инобат мегирад, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Гўш кунед, боз чӣ хел ёрӣ ба шумо даркор? Магар ин гуфтугўи ҳозира ёрӣ нест? Охир чи хеле худатон гуфтед, ман ягон калимае хатто накардаам ва шунидед, ки ў маро дашном ҳам дод.
– Мефаҳмам, – гуфт лейтинанти калон.
– Хайр боз чӣ хизмат кунам?
– Ҳоло сабр кунед...
Милисионере Чередниченкоро берун баровард.
Қосимӣ барои бурдани Чередниченко ба ҷойи вохўрӣ аввал розӣ нашуд.
– Мо наметавонем, ки ҳаёти ўро ба хатар гузорем, беҳтараш аз кормандони худамон ягон нафарро фиристодан лозим.
– Дар биступанҷ дақиқа мо ягон нафарро ба ҷойи Чередниченко тайёр карда наметавонем ва амалиётро вайрон карданамон мумкин. Чередниченко бошад гурги борондида.
Афсўс, ки бо чунин ҳунар ў актриса нест, вагарна дар саҳна касе ба ў баробар намешавад, – гуфт Сорбон Ҳомид ва илова кард, ки ҳамаи чавобгариро ба зима мегирад.
– Рафик, лейтинанти калон, тамоми ҷавобгарии амалёт ба зимаи ман аст ва дар ҳама ҳолат новобаста ба анҷоми он ман масъулият ва ҷавобгариро бар души худ мегирам. Агар илоҷи дигар набошад, ман розӣ ҳастам, вале ҳам худ ва ҳам Чередниченкоро эҳтиёт намоед. Марҳамат аз пайи кор шавед.
Баъди дувоздаҳ дақиқаи гуфтугўйи телефонӣ гурўҳи фаврӣ милиса ҳамроҳи Сорбони Ҳомид гумонбаршуда Чередниченкоро ба автомашинаи «ГАЗ – 24» рангаш сиёҳ шинонда, ба ҷойи вохўрӣ ҳаракат карданд. Дар дохили автомашина Сорбони Ҳомид бори дигар ба Чередниченко дастур дод.

пешина
аз 408
навбатӣ