Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, не, ана он кас омаданд, – бо овози ҳазин мудирро аз омадани модари писараки гумшуда хабардор карда гуфт мураббӣ.
– Писарам дар куҷост? Ба ў чи шуд? – Авзои парешони мудир ва мураббиро дида пурсид,– нафари нав вориди боғча шуда.
– Ором шавед, албатта Ваняҷонро меёбем,– риштаи суханро ба даст гирифтани шуда, ба суоли модари писарбачаи гумшуда посухи таскинбахш додани шуд мудири боғча.
– Ором шавед будааст, рафту агар фарзанди худатон мешуд шояд, мефаҳмидед, ором шудан осон нест.
– Дилатонро дур набаред, охир ҳамаи бачаҳои дар богча бударо мо аз фарзанди худ кам намедонем.
– Агар чунин аст пас чаро вайро бе наззора мондед?
_ Нина Анисимовна, Шуморо мефаҳмам, охир кӣ медонист дар рўзи равшан…
– Чӣ тавр писарбачаи шашсола аз боғча баромада рафтаасту касе ўро надидааст? Магар аз ин дида хунукназарӣ мешавад?
– Мо гунаҳкорем, Ваняҷонро бошад, албатта меёбем, худи ҳозир ман ба милиса занг мезанам,– гўён мудир ба тарафи бинои боғча давид.

Ҳавопаймо бо суръати баланд ба сўйи Ғарб ҳаракат дошт, вале мавҷи андешаҳои мусофири дар курсии қафои ҳавопаймо буда, ҳанўз дар сарзамини Шарқ буд. Шояд ҳамааш ба бахти вай буд, ки тамоми курсии қафо пурра дар ихтиёраш афтода…
– Кори хуб нашуд,– бо овози нимшунаво гуфт мусофир ва дар куҷо буданашро ба ёд оварда, боз хомўш шуд. Рафту агар нафаре дар паҳлуяш мешуд, шояд ба ҳамин як сухан ҳам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, майнаи бе ин ҳам дар зери бори андеша мондаи вайро нооромтар мекард. Мусофир ба курсӣ такя намуда, чашмонашро пўшид, вале ҳамоно дар зери андешаҳо монд…
… Он солҳо вай дар яке аз омўзишгоҳҳои ҳарбии шаҳри соҳили дарёи Нева – Ленинград (ҳозира Санкт– Петербург) таҳсил мекард. Рўзи 24– август, ду соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳи шаҳрӣ, ба ҳамин фурудгоҳе, ки соате пеш ўро боз ба само баровард, омад.

пешина
аз 408
навбатӣ