Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бе ин ҳам ҳамааш фаҳмост,– ҷавоб дод духтар.
– Нафаҳмидам.
– Рафту агар ман дигар касро дўст медоштам, магар роҳбалади ту мешудам?
– Урра… шодӣ кард курсант ва донишҷўдухтарро ба оғўш гирифта, чун акрабатҳои моҳир дар чояш чарх зад…
Қариб, ки ҳарду дар як вақт шаҳри соҳили Неваро тарк намудаанд.
Вақте ки Александр баъди озмўзишгоҳи олии ҳарбӣ ба сифати командири взвод дар яке аз қисмҳои ҳарбии зидди ҳавоии округи Ордени байрақи сурхдори Осиёи Миёна ба кор таъин шуда омад, бонуи ў аллакай ба сифати лаборант дар Донишгоҳи миллӣ ба кор даромада буд. Дар охирҳои моҳи октябр ҳарду аз қайди никоҳ гузаштанд ва ба хотири пос доштани чароғи муҳаббат Нина ба ҷойи кораш падруд гуфта, ҳамроҳи шавҳар рафт. Қисми низомие, ки Александр хизмат мекард дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда буд ва дар нимаи дуюми моҳи ноябр (ҳамон вақт Нина бо ҳамроҳии шавҳараш ба он ҷо омадаанд) зимистони ҳақиқиро ба ёд меовард. Ба сардии ҳаво ва зимистони қаҳратун нигоҳ накарда, Нина худро хушбахттарин зан меҳисобид, чунки дар паҳлуи вай ҷавони дўстдоштааш буд. Дар ағбаи баланду барфпўш рўзҳо қариб, ки якранг мегузаштанд ва Нина дар атрофи гуфтаҳои модар ва суханони хеш андеша намуд. Аслан, модараш Тамара Марковна рози набуд, ки Нина бо ҷавони низомипўш издивоҷ намояд. Ба ҷуз ин вақте ки модар фаҳмид дуҳтари ягонааш ба ҷойи кораш падруд мегўяд қариб девона шуда буд. Чӣ гапҳое вай нисбат ба рафтори беақлонаи духтараш нагуфт ва Нинаро огоҳ намуд, ки мушкилиҳо ўро дар пеш аст.
– Если милы по душе, проживу в шалаше, – гуфт ў…
Соле пас Иван ба дунё омад. Шодию сурури оилаи ҷавонро ҳадду канор набуд, он шабу рўз. Ҳангоме Ваня яксола буд падарашро ба курси такмили ихтисос фиристоданд, ки он як табадуллотеро дар дафтари хотироти Нина Анисимовна ба ёдгор монд…

пешина
аз 408
навбатӣ