АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Маҳз ҳамин расмиятпарастӣ, ки дар ҳама соҳаҳо дида мешуд, муайян намудани шахсияти ҷинояткорро боз ду шабонарўз ба таъхир андохт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, прокурори ноҳияи Саричашма мушовири адлияи дараҷаи дуюм Сўфиев, ки дар эҳтиёткорӣ ном бароварда буд, мактуби расмии фурудгоҳи Душанберо оид ба парвози шаҳрванд Морозов А. А бо сайрхати Душанбе – Пулково сарфи назар намуда, аз додани розигӣ барои ба ҳабс гирифтани вай ҳуддорӣ намуд…
Милисаро ба ҷуз пурсиши Морозов дигар чорае намонд ва роҳбаряти ШКД аз рўйи мақоли «ё тир шиканад ё ҷувоз» амал намуда, рухсатии хизматиеро барои ба шаҳри Масква рафтан навишта ба дасти худи Сорбони Ҳомид доданд, то ў худ рафта имзои вазир ва ё яке аз муовинони ўро бигирад. Чун дар он лаҳзаҳо вазир дар утоқи кориаш набуд, ҳангоми ба кабулгоҳ ворид шудани генерал– майор Семёнов лейтенанти милиса, ки соате боз дар онҷо омадани сарварони вазоратро интизорӣ дошт аз рўйи таомули ҳарбӣ аз чой барҳост.
– Шумо манро интизоред пурсид? – генерал ва чун посухи тасдиқ гирифт, ўро ба дафтари кориаш хонда ва ба гузориши мактуби роҳбаряти ШКД– и ноҳияи Саричашма оид ба сафари хизамтӣ фиристондани лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид шинос шуда, бе ягон дудилагӣ ба он ҳуҷҷатҳо имзо гузошт.
Шоми ҳамон шаб лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид бо сайрхати 631 ба шаҳри Москва парвоз кард…
– Ба ту чӣ шуд?– баробари дарро кушодан пурсид ҳамсар.
– Гўё намедонӣ, – калавида– каклавида пой ба остона гузошта гуфт шавҳар, ки ўро қариб шинохта намешуд.
– Чӣ ақлатро хурдӣ магар?
– Ман худи фардо ба милиса меравам,– бо суханони канда– канда ҳамсарро огоҳ кардани шуд шавҳар.
– Оҳ, агар ман мефаҳмидам, ки ту чунин беиродаӣ, ҳаргиз ҳамсарат намешудам.
– Ҳоло ҳам дер нашудааст,– бо тамасхур гуфт шавҳар ва вориди хонаи хоб шуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор