АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Зиндагӣ моҳи майи соли 1999 бо амри илоҳӣ бандаро ба ин саҳна тела дод. Ҳарчанд бозингари касбӣ набудам, вале аз рўйи зарурияту қобилят то имрўз саҳнаро тарк накардаам.
Дар саҳнаи адабиёт намояндагони касбу кори гуногун хеле зиёданд ва милиса ҳам истисно нест.
– То ҷойе, ки мо аз ВАО огоҳӣ дорем, рў ба адабиёт овардани Шумо дард аст.
– Роҳе, ки бандаро ба майдони адабиёт овардааст, роҳи хуб нест ва ман ба чунин роҳ омадани душманамро низ орзу намекунам. Чӣ хеле ки Шумо огоҳӣ доред, бояд на ман, балки писарам Абдумаҷид нависанда мешуд ва чун орзуҳои хешро ба гўр бурд, ман баҳри амалӣ шудани мақсадҳояш хома ба даст гирифтам.
– Аз эҳтимол дур нест, ки ин танҳо як тарафи масъала аст.
Охир, ин ғайри имкон аст, ки кас яку якбора бе ягон таҳкурсӣ ба навиштани чунин асарҳои калонҳаҷм даст занад.
– Вулқон яку якбора сар мезанад. Чун сар зад, мо ба он аҳамият медиҳем, ҳол он ки замоне нисбат ба он мавзеъ бе тавофут будем. Дард ҳам одамро ба ҳар роҳ мебарад. Гирем давлатманд ва сарлашкари бузурги румӣ Юлий Сезарро. Ў чун аз дарди бедавои хеш хабардор гашт, саҳнаи марги хешро тар– 1. Суҳбаторо А. САЙЁД. Ҳафтномаи «Тоҷикистон» 24 августи соли 2006, №34 (660) тиб дод ва худ чун бозингар дар саҳна аз дасти душманонаш, ки дар талоши мансаб қасди ҷонаш доштанд, кушта шуд. Номи Юлий Сезар дар таърих боқӣ монд, вале душманонаш соҳиби тахту ҷой нагашта, сари худ ба бод доданд. Умуман, бо ин амали хеш Юлий Сезар бо як тир ду нишон зад. Якум душманонашро ба ин васила ба доми марг партофт, дуюм ў аз дарди бедаво халос шуд ва номи хешро дар саҳфаи таърих боқӣ гузошт.
Аз он чи ки банда хома ба даст гирифтам, ин дарде буд, ки расо ду сол баъди марги писаронам Абдумаҷиду Сорбон вуҷудамро чун чўби тар сухт. Чўби тар бошад, на то ба охир хомўш месўзад, хоҳу нохоҳ аланга мегирад.
– Аз нигоҳи корманди милиса майдони адабиёт чӣ гуна аст?
– Майдони адабиёт ҳам чун ҳама майдонҳо ҷойи набард аст.
Шахсе ки по бар ин майдон мегузорад, танҳо бо қувваи хеш умед баста метавонад, на ба вазифаи хеш. Модоме ки ман по ба ин майдон гузоштам, ягон илтифоту имтиёзи дигарро ҷўё нестам ва танҳо хонандаро довари бозии хеш медонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор