Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегўянд, миллатро агар барҳам додани шавӣ муҳим нест, ки тиру туфангаш диҳӣ, муҳим ин, ки сатҳи дониши наслҳоро паст кунӣ. Дар даврони соҳбистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ атрофи масъалаҳои маориф хеле ҷиддӣ аст ва пайваста гамхорӣ менамояд. Аз ҳама буҷаи калонтарин ба соҳаи маориф ҷудо карда мешавад.
Аммо бояд мо тарбияро муштаракан ба роҳ монем. Дар ин маврид бояд саҳми оила бештар бошад. Мардеро медонам, ки 5 мошин дорад, аммо як китоб барои фарзандаш намехарад.
Мардҳо ифтихор аз мошину аз асп мекунанд, вале фарзандаш ва китобхонии ў аз мадди назараш канор мондааст.
Дар ҳоле, ки ҷаҳон дар пешравист ва бархурди фарҳангу тамаддунҳо, набардҳои иттилоотй ба мафкураи ҷавонон латма задан доранд, бояд таваҷҷўҳи наврасону ҷавононро ба китобу китобхони бештар ҷалб намуд. Агар миллатдўст бошем, бояд китоб хонем. Чунки пойгоҳҳои интернетӣ чуз таъсиррасонии манфӣ ба кўдаку ҷавон чизе беш намедиҳанд.
– Як ҷаҳон сипос, барои cyҳбamu самимӣ!

ДАР ЗЕРИ ҲАР ТАБАССУМИ МО …1

– Муҳтарам Шарифбек Азизӣ, чӣ шуд, ки Шумо афсари милиса ва ҳуқуқшинос, худро ба гирдоби адабӣ партофтед?
– Дасти шахшули зиндагӣ маро ба гирдоби ин баҳри пуртўғён партофт ва баҳри тасаллои дили бемор зиёда аз даҳсол аст, ки дар он ғаввосию шиноварӣ дорам. Бояд иқрор шуд, ки ҳарчанд шиновари хуб ҳам набудам, ин гирдоб маро ба комаш фурў набурд ва ман дар ниҳоди хеш қувваи рўҳбахшеро ҳис намудам ва чун ғаввос даступозанон шино карданро идома дода истода, аз он дигар майлу хоҳиши ба соҳили пешин баргаштанро надорам.
– Яъне агар дуруст фаҳмида бошам Шумо ба ҷодаи адабиёт омадан шод нестед?
– Ба ин савол бо байти зерини шоир посух медиҳам:
Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем, Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст.

пешина
аз 408
навбатӣ