Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Эҷод кори ниҳоят душвор аст. Баъди ин қадар заҳматҳо оё боварӣ доред, ки китобҳоятон таваҷҷуҳи хонандаро бедор мекунад. Оё асарҳои шумо ҳам метавонанд дар як саф бо адабиёти классикӣ ҷой гиранд?
    -Новобаста аз комёбиҳои иттилоотӣ нигоҳи адиб ва китоби таълифнамудааш чун нигоҳи номанавис аз замонҳои қадим, ки номаро ба зарфи сарпўшидае андохтаву бо умед ба баҳр мепартофт ва намедонист, ки он нома ба дасти муштарӣ мерасад ё на боқӣ мемонад. Дар ин бораи чизе гуфта наметавонам, ҳамааш ба ақлу заковати худи хонанда вобаста аст. Хондан ин пеш аз ҳама гуфтугў бо қаҳрамонҳои асар ва баҳс бо муаллиф аст. Чун асри мо асри иттилоот аст ва васоити гуногуни ахбори омма дар рақобат қарор доранд бояд китоб таваҷҷуҳи хонандаро бедор карда тавонад. Дар нисбати тамошобин хонанда будан душвортар аст ва аксари мардум кори душворро хуш надоранд. Маҳз ҳамин ҳолат ба фоидаи нависанда нест, ҳарчанд дар ин самт ҳам имтиёзҳо ҳастанд, ки поёнтар сари ин масъала хоҳам баргашт.
    Барои хонанда будан душворӣ он нест, ки ақаллан бояд хонда тавонӣ, душворӣ он аст, ки барои ҳама намуди хондан кўшиши зиёда ба харҷ додан лозим аст. Нисбат ба кино ва телевизион китоб ҳамеша ба хонанда имконияти бозгашт ба қафоро медиҳад.
    Хонанда метавонад ба зерматн ва мафҳуми то кунун барояш нофаҳмо дигарбора назар афканад. Ҳангоми сару кор доштан бо китоб хонанда худ суръати хонишро муайян мекунад. Бовар дорам, ки ҳатто ягон нафар аз адибони классики мо, ки акнун шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, ҳангоми эҷоди асарҳояшон ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда буданд, ки барои асрҳо менависанд.
    Онҳо барои замони хеш навиштанд, бехабар аз он ки зиндагиро ҷовидона ба риштаи тасвир додаву ҷовидона боқӣ мемонанд.
  • Олимон уҳдадор нестанд, ки ҳамрози ҳамзамони хеш бошанд, ихтисосашон ба ин имкон намедиҳад, вале барои нависанда ин амал баръакс аст, чунки сарманшаи эҷоди вай ин инсон аст.
    Нигоҳи шумо дар ин бора?
  • Дар ҳақиқат инсон бо ҷаҳони хеш бо ҷаҳони гузашта ва ояндаи хеш ҳамеша мавзўи асосии адабиёт қарор дошт. Нависанда пеш аз ҳама бояд ба намояндагони одии миллати хеш ёрӣ диҳад, то ки онҳо сараввал худшинос гарданд, фаҳманд, ки чи фарҳанги бою ғание доштанд ва гузаштагони онҳо баҳри пойдор мондани забон ва фарҳанги хеш чӣ ҷонбозиҳое кардаанд, дуюм онҳо кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҷои хешро дар ҷамъият дарёбанд.
пешина
аз 408
навбатӣ