Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-То андозае ба шумо ҳамфикрам. Гумон намекунам, ки ҳамаи нависандагони машҳур истеъдоди фавқултабиӣ доранд. Машҳур будан ин танҳо хоси адибон нест, балки намояндагони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро низ метавон амале машҳур кард. Ҳатто нафареро метавонад як суруд ба ин поя расонад. Таърихи адабиёт худ гувоҳ аст, ки на танҳо шахсиятҳои машҳур, балки нафарони ба чашм нонамоён ҳам метавонанд асари барҷастаеро рўи чоп оваранд.
-Ба андешаи Шумо асари безавол чӣ гуна аст?
-Асари безавол ҳамон асарест, ки чун алмос ҷило медиҳад.
Бубинед, алмос як санги сахт аст ва танҳо дар натиҷаи суфта намудан (соиш додан, тоза кардан) он ҷилодортар мешавад ва чун дараҷаи тобиши баландро гирифта, онро брилиант меноманд, ки дар тасвири ҳамин санг даҳҳо асарҳо рўи чоп омада ва ба хотири боз ҳамин санг чи қадар инсонҳо душмани якдигар гашта. Маҳз асари безавол ҳам бояд таваҷҷуҳи инсониятро бедор карда тавонад, чун Қуръони Маҷид (Фурқони Муҳаммад). Инҷили Исо, Тавроди Мўсо, Забури Довуд. Чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, чун «Маснавии Мавлавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ… Бубинед, бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳам инсоният таваҷҷуҳ ба чунин осорро дорад ва гаштаю баргашта ин китобҳоро мутоила мекунад, вале аз ин ҳама варақзаниҳо боз ҷилои ин асарҳо чун ҳамон брилиант бештар мешавад…
-Баҳои Шумо дар мавриди маъруфият?
-Ба чизе, ки нест баҳо додан душвор аст. Ин каломро танҳо дар нисбати онҳое гуфтан мумкин аст, ки асарҳояшон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Бо тиражи хурди китобҳо ва боз дар замоне, ки ягон китоби банда тарҷума нашудааст, чунин андешаро ба ёд овардан маъние надорад.
-Хушбахтӣ чист ва барои хушбахтӣ чӣ лозим аст?
-Хушбахтӣ ҳам чун саломатист ва агар инсон аз саломатиаш ба ҷое шикоят накард, пас ў хушбахт аст. Барои хушбахтӣ чизи зиёд лозим нест. Муҳим он аст, ки шумо ва наздиконатон сиҳату саломат бошед, ба кори дўстдоштаи хеш шуғл варзед, дар оилаатон ҳамдигарфаҳмӣ бошад ва муҳимтар аз ин давлат аз хатарҳо эмин бошад ва сулҳу салоҳ пойдор.
-Сиёсатмадоронро созиш мебояд, адибонро чӣ?
-Созиш ин мафҳуми ниҳоят васеъ аст ва чи хеле шумо гуфтед, дар сиёсат он ногузир. Собиқ сарвазири Британияи Кабир Уистон Черчел бисёр каломи хубе сари ин масъала гуфта.

пешина
аз 408
навбатӣ