АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

-Адабиётшиносон бар он назаранд, ки симои муаллифро аз рўи асари эҷодкардааш метавон муайян кард?
-Сари ин масъала мо каме болотар истода гузаштем ва ҳатто аз Николай Василевич Гогол ҳам ёдовар шудем ва ба гуфтаҳои боло ҳаминро илова карданиам, ки дар асар симои нависанда бояд аён шавад, вагарна асар аспи бесаворро мемонад. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби адабиётшиносон аст. Нависанда пеш аз ҳама ҳунарманд, нигоришгар ва рассом аст. Каломи нависанда ин танҳо сухан не, ин танҳо баёни фикр дар навъи жанри бадеӣ не, балки ин симо, гуфтор, рафтор, кирдор, ишора ва ҷанҷолу низои ўст.
-Мегуфтед, ки Шумо ҳамарўза менависед ё аз рўи илҳом?
-Рўзгор ба навишти ҳаррўза даст намедиҳад. Баъзан аз нанавиштан шарм медорам, вале чи илоҷ, ки зиндагӣ тақозо бар он мекунад, ки қаламро ба гўшае гузошта аз пайи дарёфти ризқу рўзии хеш ва аҳли оила гардам. Ҳар як чунин танаффусҳои тўлонӣ бароям дарднок аст. Қалами нависанда ҳам чун асбоби мусиқист ва агар ўро муддати тўлонӣ ба даст нагирӣ, овозаш гул (нофаҳмо) мешавад. Аз нав ёфтани он садо душвории зиёдеро пеш меорад ё тамоман самти овоз тағйир меёбад ва аз нав ҳамаи ин ҳолатҳоро пушти сар кардан лозим меояд.
-Ба андешаи Шумо чи хел асарҳоро бояд ба нашр расонд ва дар бораи офариниши асарҳои адибони ҷавон чӣ гуфта метавонед?
-Гул бояд худ аз бўяш дарак диҳад, на ин ки аттор дар бораи бўи он ба шумо ҳарф занад. Ҷавон агар соҳибистеъдод бошад, ў дар навишт ба ёрие муҳтоҷ буда наметавонад. Мушкил барои ў нашри китобаш аст, вале чунин мушкили худи моро ҳам дунболгир аст. Тасодуфе афтоду соли 2018 дар рўзҳои санъату ҳунари ВМКБ дар вилояти Хатлон иштирок кардам ва банда баромади Анвари Андаробӣ шоире, ки синну солаш ба ҷое расидаву вале китобашро аз рўи тангдастӣ чоп карда натавонистааст, гўш кардам ва ба ростӣ на танҳо ман, балки тамоми аҳли нишаст ўро истеъдод хонданд. Ана ҳамин истеъдодҳоро бояд даст гирифт, на онҳоеро, ки китобҳояшон такрор ба такрор чоп шудаву дар рафҳои нашриётҳо зери гарду чанг хобидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор