Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

иборат донистаанд. Дар ҳоле ки дар шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» андешаҳои баланди башардўстӣ пайваста бо тасвири воқеии ҳаёти мардуми Ҳинд баён гардида, аҳамияти умумибашарӣ пайдо кардааст. Аз ин рў ҳақ ба ҷониби шоири бузурги озарбойҷонӣ Самад Вурғун аст, ки навиштааст : «Қиссаи Ҳиндустон»-и Турсунзода яке аз муҳимтарин асарҳои замони мо ба шумор меравад. Шоир бо ҳамдардиву ҳиссиёти бузург тарзи зиндагонии халқҳоит Ҳиндустонро бо тасвирҳои қавӣ баён намуда, бадкирдориҳои мустамликадоронро сахт нафрин мекунад». Мирзо Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи шўравии якдилии Осиё ва Африқо ва яке аз муборизони фаъоли сулҳ дар ҷаҳон ба кишварҳои дигари Шарқ сафарҳои мутаадди карда, бо ҳаёти мардумони он сарзаминҳо ошно мегардад, аз рўзгори пурмашаққати онҳо, ки ранҷи истеъморгаронро мекашанд, ғам мехўрад ва аз муборизаашон баҳри озодиву истиқлдол хушҳол мкешавад. Сафари шоир ба Покистон дар соли 1949 барои ба вуҷуд омадани силсилашеърҳои «Ман аз Шарқи озод» замина муҳайё месозад. Дар ин силсила, ки аз шеърҳои «Ман аз Шарқи озод», «Чашмҳо», «Қиссаи машҳур» ва «Чароғҳои Ватан» иборат аст, шоир мушоҳидаҳои хешро аз ин кишвари тоза ба истиқлол расида баён мекунад, Аз ҷумла ў бар асари сиёсати ҷудоиандозии истеъморгарони англис авҷ гирифтани ихтилофи мусулмонону ҳиндуҳоро таъкид намуда, оқибатҳои нохуши онро ба қалам медиҳад.
Мардуми ҷафодидаи Африқо низ ба мубориза бархоста, аз асорати истеъморгарони Ғарб раҳо мешаванд ва озодиву истиқлол ба даст меоранд. Мирзо Турсунзода, ки ба аксари кишварҳои қитъаи мазкур сафар намуда, бо ҳаёти мардумони онҳо шинос шуда буд, дар як силсила шеърҳояш амсоли «Хоҳари мубориз Африқо», «Ҳар касе гўяд Лумумба», муборизаи ононро баҳри озодӣ тасвир менамояд. Шоир ҳанўз дар манзумаи

пешина
аз 625
навбатӣ