Равзанаи адаб

Ёри мову дилбари шерозиён,
Фарқи он аз ин – замину осмон.
Чашми он тарсад шуои барқро, Рўйи ин равшан намояд Шарқро. Мирзо Турсунзода борҳо ба Эрон сафар карда, аз шаҳрҳои бузурги он боздид намуда, оромгоҳи Саъдиву Ҳофиз ва дигар адибону донишмандони маъруфро зиёрат кардааст. Дар мақолаи «Инсонпарвари бузурги банголӣ» ў зимнан ба яке аз сафарҳои худ ба Эрон, ки ба замони даргузашти адиби бузурги ҳинд Робиндронат Такур рост омада буд, ишора намуда, шўҳрати зиёди ўро дар Россия, Тоҷикистон ва ба хусус Эрон таъкид мекунад :
«Ҳангоми дар Эрон буданам ман аз вафот ёфтани Такур огоҳ шудам. Рўзнома ва журнолҳои Эрон ашъори ўро мунташир месохтанд, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёташ мақолаҳо чоп мекарданд ва бисёр шоирон ба хотираи ў ғазалу қасидаҳо месуруданд.» Мирзо Турсунзода бо шоирону донишмандони муосири Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Нафисӣ, Фурўзонфар, Парвиз Нотили Хонларӣ, Нодири Нодирпур ва амсоли инҳо дўстиву робитаи қавӣ дошт. Шоир бо Абулқосим Лоҳутӣ солҳои тўлонӣ ҳамкорӣ намуда, ўро чун устод эҳтиром мекард. Меҳру садоқати шоир ба устодаш дар мақолае, ки ба муносибати 80-солагии ў навиштааст, возеҳ аст. Дар мақола ў шарҳи ҳоли Лоҳутиро дар робита бо вазъи сиёсиву иҷтимоии Эрон, ба хусус бедории миллии мардуми он кишвар ба қалам медиҳад. Ҳамчунин робитаву ҳамкории Лоҳутиро бо шоирону равшанфикрони Кирмоншоҳ таъкид намуда, нақши падараш Илҳомиро дар тарбияи ў ёдовар мешавад. Сипас роҷеъ ба роҳи пуршарафи халлоқияти шоир дар кишвари Шўроҳо, ки беш аз сӣ соли умри худро дар он ҷо гузарондааст, сухан ронда, аз ҷумла таъкид мекунад, ки Лоҳутӣ ҳарчанд солҳои охир дар Маскав мезист, вале ҳамеша дар ёди ватан буд : «Лоҳутӣ бештар дар Маскав зиндагӣ мекарду ҳамеша Тоҷикистон ва зодгоҳи азазаш Эронро ёд мекард, шеърҳояш гоҳ ба сўйи Эрон, гоҳ ба тарафи Тоҷикистон ҳамчун кабутарон болу пар мекушоданд». Адибу донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ дар суханронии хеш дар анҷумани дувуми нависандагони Шўравӣ ба осори Мирзо Турсунзода баҳои баланд дода, онро намунаи ибрат барои адибони ҷавони Эрон донис тааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор