Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мирзо Турсунзода, ки ба ҳайси раиси қумитаи сулҳ борҳо ба кишварҳои гуногуни Щарқ сафар карда буд, аз вазъи ногуворои мардум огоҳӣ дошт ва аз ранҷу азоби онҳо ғам мехўрд ва ин кишварҳоро мисли ватани худ дўст медошт :
Осиё !
монанади модар меҳрубонастӣ маро Мўҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷонастӣ маро. Озодиву истиқлоли кишварҳои Осиёву Африқо шоири тоҷикро масрур месозад. Ў аз дастоварҳои коргарони кишварҳои озоди Чину Миср меболад. Барои муқоясаи дирўзу имрўзи кишварҳоти Шарқ ў аз як байти Саъдӣ суд мегирад ва онро некбинона бо шодиву нишот шарҳ медиҳад :
Аз гузашти рўзгори бад бузургон гуфтаанд, Дури маъниро ба сўхони тафаккур суфтаанд:
«Саъдӣ, ту бирав хайма ба гулзори дигар зан, К-ин меваи боғи ту ба тороҷ расидаст».
Шарқ акнун шод бошадаз самар, аз бори худ, Хаймаи худро занад дар гўшаи гулзори худ… Мирзо Турсунзода пас аз тасвири дилсўзонаи дирўзу некбинонаи имрўз вазъи мардуми Осиёву Африқо ёди ватани худ мекунад ва саодатманд будани онҳоро таъкид менамояд. Маснавӣ бо хитоби некбинонаи шоир ва таъкиди пойдор будани озодии Шарқ ба поён мерасад.
«Садои Осиё» дарвоқеъ садои озодихоҳони Шарқ гардида, дар кишварҳои гуногуни олам танинандоз шуд ва шўҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Нависанда ва донишманди маъруфи қазоқ Мухтор Авезов ба он баҳои баландж дода, навиштааст : «Турсунзода дар достони худ аз номи халқҳои Осиёву Африқо сухан мегўяд; ба фикри ман ў аз чизҳое сухан мегўяд, ки ҳоло ягон шоири ҳиндӣ, японӣ ё ганӣ аз он хусус лаб накушудааст.»

пешина
аз 625
навбатӣ