Равзанаи адаб

Ватан дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту, Маназ он сўйи уқёнус бишнидам садои ту. Осори ба Шарқи хориҷӣ ихтисос додаи Мирзо Турсунзода на танҳо дар Тоҷикистону ҷумҳуриҳои собиқи Шўравӣ мавриди таваҷҷўҳу тақдир қарор гирифта,сазовори ҷоизаҳои зиёд гардид, балки шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, ба забонҳои гуногуни шарқиву ғарбӣ тарҷумаву интишор ёфт ва дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ҷой гирифт.
Мирзо Турсунзода дарвоқеъ бо ин осори худ таваҷҷўҳи оламиёнро ба Осиё ҷалб намуд. Ў Осиёро аз нав кашф кард, Осиёе, ки бедор шуда, аз банди асорат раҳоӣ меёфт.Аз ин ҷост, ки нависандаи рус Вера Ибнер менависад : «Ў(Турсунзода – М.М.) моро на фақат бо Тоҷикистон, гузаштаву имрўзи он шинос мекунад, инчунин дарвозаи Осиёро азнав ба рўйи мо боз менамояд». Шоири шинохтаи Афғонистон Бориқ Шафеъӣ аз ашъори шоир садои дили Осиёро мешунавад :
Ҳамеша тавонам зи оҳанги шеърат Садои дили Осиёро шунидан.
Чароғи абадро зи дастат гирифтан, Ба нураш раҳи орзуҳо кушудан…
Сухан гуфтан аз Шарқи озод бо ту, Зи Ҳиндустон достонҳо сурудан.
Бад-ин минвол масъалаи Шарқи хориҷӣ ҳам дар осори манзуму мансур ва ҳам дар фаъолияти иҷтимоъиву сиёсии Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи баланд дошта, яке аз авомили асосии таҷасуми симои шоирӣ ва шахсияти ў дар ҷомеаи қарни ХХ мебошад.
Пайнавиштҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор