Равзанаи адаб

Ҳар қадар рост бигўӣ, ки ба хато мепечӣ,
Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ.
Ҷаҳон бишносадам боке набошад,
Агар.худро шиносам, сад ҷаҳонам.
Ҳама ғамро бувад хурсандӣ дар пай
Ғаме аз беғамӣ бадтар набошад....
Ё худ ғазали зерини Лоиқ саросар аз ҳикмат таркиб ёфтааст:
Аз санг кўҳе чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигўемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад?
Шавқе агар саркуб шуд, нохуб шуд, нохуб щуд,
Аз кур завқе дод агар истеза бо бино кунад.
Ҳар кас тавонад рўдро бо ҷўйҳо созад ҷудо,
Он кист, к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?
Ҳодисаҳои нохуше, ки пас аз фурўпошии давлати Шуравӣ дар кишвари тоҷикон рух доданд, раванди худшиносиро дар осори Лоиқ хеле ривоҷ дода, ҷанбаҳои тозаи онро зоҳир намуданд. Худшиносӣ бо дарду алам, ғаму ғуссаи зиндагӣ бештар омезиш ёфт. Воқеаҳои хунину нангин бори дигар зарурати худшиносиро барои ҳар фарди тоҷик нишон доданд. Бори дигар ҳақ будани шоир собит гардид, ки қабл аз вуқуи ҳодисаҳои хунин таъкид мекард, ки мо бояд ба худшиносӣ бипардозем, душманеро, ки дар дилу дар ниҳоди мост, мағлуб созем:
Дили мо арсаи ҷанги ҷаҳонист,
Дили мо саҳни разми ҷовидонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор