Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир аз он ғусса мехўрад, ки Зарафшон – он мавзее, ки кўҳҳояш пур аз ганҷ аст ва мисли Рўдакиву Туғрал бузургоне парвардааст, имрўз танбокукор шудааст ва тифлонаш «аз барги талхи танбону ба гардан банди салосил мекашанд», модари тоҷик аз обу ҳавои заҳролуд ғизо мегирад. Шоир ғам мехўрад, ки имрўз дар маҳди тамаддуни тоҷикон Бухорои шариф – зодгогҳи Ибни Синову Муҳаммад Авфӣ, Донишу Айнӣ забону фарҳанги асили тоҷикӣ рў ба нестӣ мениҳад :

Ин замон андар Бухорои шариф Худшиносон худфидоӣ мекунанд, Нохудогоҳон худоӣ мекунанд, Он Бухоро,
Он қадамгоҳи бузургон
Шуд адамгоҳи бузургон…
Шоир аз бефарҳангиву бепарвоӣ, беҳавсалагиву коҳилӣ, дурўягиву ҷоҳилии як тоифаи мансабхоҳу ҷоҳталаб, ки мардумро гумроҳ карда, сабабгори ҷанги бародаркушӣ шудаанд, сахт дилгир аст. Парешониву беҳолӣ, сарсониву оворагӣ, фақри моддиву маънавии мардум шоирро басо мутаассир кардаанд. Ў аз сарварони беор, ки «дар забон қариби халқ, ҳомиву ҳабиби халқ», вале «дар ниҳон рақиби халқанд», нафрин мехонад. Шоир дар ҳайрат аст, ки кишвари тоҷик бо ҳама пурганҷӣ мардуми фақир дорад, мардуме, ки дорои фарҳанги бостонист, имрўз аз бефарҳангӣ маҳалгироиро шиор кардааст, фарзандони Коваи одангар сўзангарӣ мекунанд, ба ҷои некиву накўкорӣ ба бародаркушӣ машғуланд...
Дар як силиса шеърдое, ки шоир аз вазъи ногувори фоҷиабори мардуми тоҷик сухан меронад, худшиносиву худогоҳӣ барангезандаи эҳсосу ҳаячони ў мебошад. Шоир бо таассуфи зиёд таъкид мекунад, ки сарзамини бузургу паҳновари Эронвич ва Хуросони бузурги бостон имрўз порапора гаштааст ва ватани ў ба як мулки хурди кўҳистонӣ табдил ёфтааст. Ватане, ки замоне «байту шшараф» буд,

пешина
аз 625
навбатӣ