Равзанаи адаб

Доираи мавзӯоти ашъори Гулназар низ мисли худи ҳаёт васеъ ва густурда аст. Яке аз мавзӯъҳои муҳиме, ки дар чандин шеъри шоир ва ба хусус дар силсилаи шеърҳои «Тахти Рустам»
бозтоб ёфтаанд, масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тасвири хаёту муборизаи мардуми кишвари дўсту ҳамсояи мо Афғонистон аст. Азбаски Гулназар муддате дар ин кишвар зиндагӣ ва кор кардааст, аз дарду ранҷҳои мардуми ҷафокашу муборизи он огаҳӣ дорад ва онро дар шеърҳои худ хеле самимиву муассир баён кардааст.
Мавзӯи ҷанг ва оқибатҳои фоҷиабори он дар ашъори Гулназар мавқеи хос дорад. Дар як силсила шеърҳои ӯ муборизаи мардум бар зидди фашизм тасвир шуда бошад, дар чанд шеъри солҳои охир офаридаи шоир паёмадҳои номатлуби чанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба қалам омадааст.
Гулназар дар сурудани ашъори ҳаҷвӣ низ маҳорати баланд дорад. Шеърҳои ҳаҷвии шоир содаву равон ва нишонрас буда, аз як тараф нуқсонҳои ичтимоиву фардиро фош карда, аз сӯйи дигар завқи хонандаро болида месозанд.
Саҳми Гулназар дар ривоҷи шеър барои кӯдакону наврасон низ бузург аст. Ӯ аз зумраи он шоирони ангуштшумор аст, ки пайваста барои баччаҳо шеър менависанд. Вежагии чунин шеърҳои шоир низ пеш аз ҳама содагиву самимияти онҳост. Ӯ эҳтиёҷи мубрами ин соҳаи адабиётро ба эътибор гирифта, ҳамвора саъй менамояд, ки барои парвариши завқи баччаҳо, тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо шеъри дархӯри замон офарад. Бесабаб нест, ки дар кӯдакистону дабистонҳо имрӯз бештар шеърҳои ӯро азбар мукунанд.
Ашъори Гулназар аз назари анвоъу қолаб низ ҷолиб аст. Ӯ тақрибан дар ҳамаи навъҳои маъмули шеъри классик ва наву кунунӣ асар офаридааст. Ба хусус дар сурудани рубоӣ ва эҳёи суннатҳои волои он, ки аз қадимтарину шевотарин навъи шеъри на танҳо форсизабонон, балки ҷаҳон аст, Гулназар низ саҳми шоиста гузоштааст. Рубоиёти Гулназар бо содагиву латофат, маонии бикру амиқ, андешаҳову нуктаҳои ҳакимонаву фалсафӣ ва дигар вежагиҳои худ сурудаҳои Рўдакиву Умари Хайёмро, ки аз саромадону устодони ин навъи шеър маҳсуб мешаванд, ба ёд меоранд.
,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,
Шеъри муосири тоҷик ба дарёе мемонад, ки аз рўдборону
чашмасорони зиёде манщаъ мегирад.Яке аз он рўдҳо, ки аз чашмаҳои софи кўҳистон ҷорист, осори шоири шинохта Салими Хатлонӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор