Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, дар пораи зер ҳолати равонии ғариб табиӣ ва муассир ба қалам омадааст:
Ғарибро шевост:
Хаёли об!
Хок!
Ҳавои Ватан!
Сафири мурғаки озоди хушнавои Ватан!

Салими Хатлонӣ шоири ҷўянда аст, пайваста талош менамояд, ки ба олами ботинии инсон ворид шавад, орзува омолашро тараннум кунад, пешрафту костиҳои ўро ба қалам диҳад, маъниҳои тозаи ҳаётро кашф созад. Тавре ки худи ў навиштааст:

Бори маънӣ мекашад бар сози дил осори ман,
Ҳарф ҷо дорад, ки бинмояд рухи пиндори ман.

Равзанаи илму фарҳанг
Некӣ дар Авесто

Авесто аз бузургтарин ва қадимтарин ёдгориҳои диниву фарҳангии мардумони ориёӣ буда, дар ганҷинаи тамаддуни олам ҷойгоҳе хосе дорад. Ҳарчанд ин шоҳасари аҳди бостон беш аз дусад сол аст, ки мавриди таҳқиқи донишмандони варзидаи олам қарор гирифтааст, вале ҳанўз бисёр паҳлўву ҷанбаҳои он баррасӣ нашуда ва арзишҳои зиёди он ошкор нагардидааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми Авесто, ки мавриди омўзиши амиқ қарор нагирифтааст, арзишҳои ахлоқию тарбиявии он аст. Бо он ки ин асар саросар аз панду андарзҳои ҳакимона саршор буда, раҳнамоиву тарбияи ахлоқии мардум аз рисолатҳои асосии он буд, ба ин масъала камтар таваҷҷўҳ шудааст.
Ин ҷо аз таҳқиқи ҳарҷонибаи аҳамияти ахлоқии Авесто, ки вазифаи тадқиқоти васеъу пурдомана аст, худдорӣ намуда, танҳо ба масъалаи некӣ, таҷалливу таҷассуми он дар Авесто ва аҳамияти ин мавзўъ дар тарбияи ахлоқиву маънавии мардум таваққуф мекунем. Зеро некӣ аз рукнҳои асосии Авесто ва мояву ҷавҳари аслии он маҳсуб шуда, аз мавзўъҳои марказӣ ва муҳимтарини асар ба шумор меравад.
Некӣ дарвоқеъ меҳвари асосии Авесто аст, ки мавзўъҳои дигар пайваста бо он арзи зуҳур мекунанд. Аз ин ҷост, ки аксари сурудҳои асар бо зикри некӣ оғоз меёбанд. Агар замоне фарҳанги басомади Авесто мураттаб гардад, ки воқеан кори зарур ва судманд аст, бешак вожаи «нек» аз пуристифодатарин калимаҳои асар хоҳад буд. Масалан, Арт яшт бо ин суруд шурўъ мешавад, ки дар як банди он чор маротиба калимаи «нек» такрор ва таъкид шудааст: «Хушнудии ашии нек, чистои нек, иршои нек, расастои нек ва фарру подоши нек».1Ҳамчунин дар бисёр сурудҳои Авесто сатрҳои ба некӣ бахшидашуда ба нақарот табдил ёфта чандин бор такрор мешаванд. Масалан, дар Диняшт банди зер нақароти суруд гардида чор бор такрор шудааст: «Зардушт некандешӣ ва некгуфторӣ ва неккирдорӣ ва озодии ин комёбиро бад-ў намоз бурд».
Шиору мароми асосии оини зардуштӣ «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ҳам дар саросари Авесто чун ҳалқаи заррин такрор шуда, андешаву армонҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад.
Некӣ чун меҳвари асосӣ аз ибтидои Авесто зуҳур карда дар дуову ниёиш ва суруду ситоишҳои саросари асар бо рангу ҷилваҳои гуногун таҷассум меёбад. Дар банди аввали суруди якуми Ясна маниши нек дар радифи ростиву росткорӣ ва хирад аз василаҳои хушнудсозии нигаҳбони галаҳо Гушварван дониста мешавад.

пешина
аз 625
навбатӣ