Равзанаи адаб

Дар натиҷа 23 феврали 2010 дар 64 умин Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврўз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Дар қатъномаи Маҷмаъи мазкур таъкид шудааст, ки «Наврўз ба гуфтугўи миёни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра мусоидат мекунад.» Аз ин рў аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврўз даъват шудааст, ки таъриху суннатҳои таҷлили ин иди бостониро баррасии илмӣ намуда, натиҷаҳои онро дар миёни аҳли олам паҳн кунанд.
Дар бораи пайдоиши ин ҷашни фархунда ахбороту ривоёти зиёде мавҷуданд. Нахустинсон Каюмарс, нахустин шоҳи бузург Ҷамшедро аз бунёдгузорони он донистаанд, ки гувоҳи бостонӣ будани ин ҷашн аст. Аз замони пайдоиш ин ҷашн, ки зодаи табиати зебои сарзамини паҳновару биҳиштосои Хуросони бузург ё Эронзамин (Эронвиҷ) аст, бо арзишҳои моддиву маънавии мардумони он ғанӣ гардида, таҷассумгари ҳувияти миллии онҳо шудааст.
Наврўз аз замони пайдоиш василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагии мардумони эронитабор буд. Қавмҳои гуногуни эронӣ дар сарзамини паҳноваре дар муҳити мухталиф зиндагӣ мекарданд, дорои урфу одот, забону оин, ҳатто дину мазҳабҳои гуногун буданд, вале Наврўзро бо ҳам истиқбол мегирифтанд, ҷашни шодиву тараб меоростанд. Баъдтар забони форсии дарӣ низ ин нақши ваҳдатсозро ба ўҳда гирифт ва ҳамроҳ бо фарҳанги наврўзӣ мардумони эрониро аз маҳвшавӣ наҷот доданд. Истилогарони аҷнабиро ин ду падидаи волои фарҳангӣ мафтун ва тасхир намуданд. Пирўзии ин ду падида ғалабаи маънавӣ бар аҷнабиён буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор