Равзанаи адаб

!
Соли навро мардумони кишварҳои гуногуни олам дар замонҳои гуногун ва тарзу равишҳои мухталиф ҷашн мегиранд ва аксаран такя ба ривоёту пиндорҳои асотирӣ доранд. Вале Наврўз бунёди илмӣ дошта, ба баробарии шабу рўз ва эҳёву бедории табиат асос ёфтааст. Ба ин ҷанбаи илмии Наврўз низ дар таронаҳои мардум ишора шудааст:
Бародар, рўзи Наврўзат муборак !
Баробар шуд шабу рўзат, муборак !
Бо фаро расидани Наврўзу баҳор табиат либоси тозаву зебо ба бар мекунад ва бо ҳусну таровати беназираш ба дилҳо суруру ба дидаҳо нур мебахшад. Аз омади Наврўз на танҳо табиат пас аз хоби гарони зимистонӣ бедор мешаваду гиёҳу дарахтон зинда мегараданд, ҷўши чашмаҳову хурўши наҳрҳо баландтар мегарданд, балки рўҳияи мардум низ болидаву чеҳраҳо шукуфта ва дилҳо саршори фараҳу шодии бештар мешаванд. Дар баҳорон талу теппаҳо сабзу дилситон, боғу роғ рангину шукуфон, гулу гиёҳ ҷунбону фурўзон ва мардум хураму шодон мешаванд.
Ин ҳама зебоиву таровати табиату инсон дар айёми баҳорон ба шоирону мутрибон, ҳунармандону мусаввирон илҳоми тоза мебахшад, онҳоро ба эҷоди шеъру таронаи нав, мусаввараву ҳунари тоза илқо менамояд. Ба хусус шоирон беҳтарин ашъори худро дар васфу ситоиши ин арўси сол сурудаанд.
Падари шеъри форсӣ Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар тасвири баҳор ҳамчун наққоши чирадаст бо рангҳои баланду дурахшон зебоиҳои табиатро хеле ҷаззобу дилнишин ба қалам медиҳад. Дар ин шеъри баҳория хонанда на танҳо зебоиҳои манзараи табиатро амсоли шукуфтани лолаву боридани борон мебинад, балки садои тундару нолаи раъд, нағмаи мурғону вазиши боди саборо мешунавад, бўйи гулҳову боронро мешамад ва худро лаҳзае дар оғўши табиати баҳорон эҳсос мекунад:
Омад баҳори хуррам бо рангу бўи тиб, Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард, Лашкар абри тираву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундар–таблзан, Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сўгвор В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор