Равзанаи адаб

Бо нигоҳи дўстӣ
Сафарноманависӣ падидаи таърихиву адабиест, ки дар фарҳанги бостонии Шарқ ва аз ҷумла Эрон собиқа ва суннатҳои ғаниву рангин дорад. Аз "Сафарнома"-и Носири Хусрав то "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзо Сироҷи Ҳаким даҳҳо сафарномаву саёҳатномаҳо офарида шудаанд, ки то имрўз арзиши илмиву таърихӣ ва адабиву маърифатии худро гум накардаанд.
Бо ин ки дар замони мо расонаҳои умумӣ хеле фаровонанд ва чун кинову радиову телевизион василаҳои муқтадири иттилоотӣ мавҷуданд, сафарнома арзишу мақоми худро дар тамаддуни олам ва ба хусус дар фарҳанги форсизабонон аз даст надодааст. Сафарномае, ки бо шавқи дилу хулуси ният, талоши ақлу хурўши эҳсос офарида шудааст, на камтар аз рисолаи илмиву романи таърихӣ арзиш дорад ва мавриди писанди хонандаи соҳибзавқ қарор мегирад Китоби донишмандони шинохтаи эронӣ Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ ва Маҳдии Сайидӣ "Аз Ҷайҳун то Вахш: Гузориши сафар ба Мовароуннаҳр" аз зумраи ҳамин гуна сафарномаҳост, ки чанде пеш дар Остони қудси Разавии Машҳад ба табъ расидааст. Сафарнома таассуроти сафари гурўҳи панҷнафарии донишмандони эрониро, ки бо ҳадафи шиносоӣ бо шаҳрҳои бостонии Ўзбекистону Тоҷикистон дар зимистони соли 1354 ҳ. дар тўли 24 рўз (аз 11 феврал то 6 марти соли 1996) анҷом ёфтааст, дар бар мегирад. Сафар дар замоне сурат гирифтааст, ки кишварҳои тоза истиқлол ба дастовардаи Осиёи Миёна дар вазъи бўҳрони шадиди иқтисодӣ қарор доштанд. Ҳамчунин дар он ҷойҳо барфи зиёде борида, сармои сахт ҳукмрон буд. Вале инҳо ва чанд мушкилоти дигар, ки мусофирон дар зимни сафар мувоҷеҳ шуданд, натавонистанд шавқу меҳри саршори муаллифони китобро ба ин сарзамини таърихӣ ва мардуми меҳмоннавози он коҳиш диҳанд.
Муаллифони сафарнома ба рағми ҳама душвориҳо ба ҳадафи худ ноил гардида, аз сафар таассуроти хубу судманд бардоштаанд ва онро бо дилгармиву меҳри саршор ба қалам додаанд.
Сафари гурўҳ аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро шурўъ шуда, сипас дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Душанбе ва Кўлоби Тоҷикистон идома меёбад. Дар ҳама ҷо таваҷҷўҳи донишмандони эрониро, қабл аз ҳама ёдгориҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ, марказҳои илмиву таълимӣ, ҳафриётҳои бостоншиносӣ, музею китобхонаҳо ва амсоли инҳо ҷалб намудаанд. Дар зимни тасвири ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои бостонӣ муаллифон саъй кардаанд, ки роҷеъ ба пайдоиши онҳо, санаи сохтмону бунёдкоронашон маълумоти бештареро манзури хонандагон намоянд. Ҳамчунин дар ин мавридҳо аз ахбороти манобеъу сарчашмаҳои мўътамади таърихиву ҷуғрофиёӣ хеле моҳирона истифода шудааст. Масалан, дар зимни тасвири Тошканд ба номи таърихии он Чоч ишора шуда, маълумоти "Аҳсануттақосим"-и Муқаддасӣ, "Нуҳзатулқулуб"-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, "Зароифу тароиф"-и Бовил сабт мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор