Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Автомашина оҳиста– оҳиста дар роҳҳои пурпечутоби кўҳӣ, ки шуои ғуруби офтоб ба он кўҳҳои сарбафалаккашида бар мехўрд, пеш мерафт. Эй Соро, Соро…

… 16 ...

Рўзи 2– май ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД–и ноҳияи Озодӣ капитани милиса Ҷамол Солеҳ аз рухсатии меҳнатӣ баргашт. Утоқи кории Ҷамол Солеҳ аслан дар шафати котиботи шуъба ҷойгир буд. Котиба дару тирезаи ҷойи корашро кушода монда буд ва ўро ки нияти ба утоқи кориаш рафтан дошт дида ово намуд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дилу бедилон аз роҳаш баргашта вориди котибот шуд.
– О, киро мебинам?
– Киро?
– Ҷанобашонро, хуш омаданд, хуш омаданд аз дидори муборакашон шодем,– гуфт котибаи шуъба Зарнигори Ато.
Ҷамоли Солеҳ хислатҳои Зарнигорро нағз медонист ва агар ҳуқуқи аз кор рондани ўро медошт, як рўз вайро дар ин идораи бонуфуз роҳ намедод. Кам кормандоне буданд, ки аз Зарнигор розӣ бошад, ҳарчанд ў ба касе ҳам бадӣ накарда буд.
Ҳамин хел забони тезу тунд дошт ва баъзан ҳамкорон аз қафояш ўро қаланфур мегуфтанд. Ҷамол Солеҳ шавҳари Зарнигор Неъматро мешинохт ва сад офарин ба сабру тоқати ў мегуфт.
Шояд дар дўконҳо упою атриёте намонда буд, ки Зарнигор аз онҳо истифода набурда бошад. Ин субҳ ҳам капитани милиса вориди утоқи кории Зарнигор гашта, лаҳзае худро гум кард, гумон намуд, ки ба милиса не, балки ба растаи атрфурўшон афтидааст. Ба ҳар ҳол ў худро ба даст гирифта, аз кору зиндагии котиба пурсон шуд ва дар омади гап аз аҳволи язнамулло пурсид.
– Ганда мурданӣ надорад,– бо қошу қавоқӣ гирифта гуфт котиба ва китоби мадохили шуъбаро бароварда, баъди гирифтани имзои мубораки ҷанобашон хабарнома ва расмеро ба дасти Ҷамол Солеҳ дода гуфт, ки ҳарчи тезтар аз пайи кор шавад беҳтар.
Ҷамол Солеҳ хост ба котиба фаҳмонад, ки ҳади хешро донад ва санҷидану насанҷидани арзу шикоятҳо, инчунин назорат аз болои афсарон ба зиммаи ў нест, вале авзои беҷойи Зарнигорро, ки баъди ба забон гирифтани номи шавҳараш ба ёдаш омаду аз райъаш гашт, ҳамон хел хомўш аз назди котиба баромад.

пешина
аз 558
навбатӣ