Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Боз чӣ хел гап? Хоб шав бачам, бе ин ҳам шабҳои баҳорӣ кутоҳанд.
– Оча.
– Боз чӣ буд?
– Холаи Саодат барои Насиба аз куҷо додарак гирифтааст?
– Аз мағоза.
– Барои ман ҳам як додарча харида диҳед!
– Ту ҳоло хурдӣ додарак ба ту чи даркор?
– Чи Насиба калон аст?
– Албатта, ў ҳоло дар синфи ҳаштум мехонад. Худат бошӣ...
– Чӣ худам?
– Нав ба синфи дуюм мегузарӣ.
– Хайр чӣ? О ана вай ҷўраи ман Абдумаҷид ҳам ду додарак дорад– ку?
– Ин ҷо Абдумаҷид чӣ дахл дорад?
– Охир вай ҳам ҳамроҳи ман мехонад.
– Ҳоло гап дар бораи Насиба буд на дар бораи Абдумаҷид.
– Хайр худат гуфтӣ ки ман хурдам, чӣ Абдумаҷид калон аст?
– Далер!
– Чӣ очаҷон.
– Хоб рав бачам, шаб аз нисф гузашт, фардо ба мактаб рафтанат лозим.
– Агар имшаб дадаҷонам наояд, ман фардо ба мактаб намеравам.
– Чи хел ба мактаб намеравӣ? Ин боз чӣ нағмаи нав.
– Ҳамин хел намеравам. Фардо ба назди дадаҷонам меравам. Ман ба ў гап дорам.
– Чӣ хел гап?
– Гапи мардона.
– Оҳҳо, аз кай боз худату дадаҷонат аз ман пинҳонӣ суҳбат мекунед?
– Кайҳо боз.
– Аҷиб.
– Ана ҳамин хел, ман фардо ба мактаб намеравам, сухани мард як то.
– Оё мард аз мактаб қафо мемонад?
– Чӣ мактаб танҳо барои мардҳост?

пешина
аз 558
навбатӣ