Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Албатта зиндагӣ худ ҳамин чизро тақозо мекунад.
– Ҷарроҳ чанд сол дар маҳбас будааст.
– Қариб чил соли ҳаёташ дар маҳбас гузаштагӣ, вагарна кӣ медонист ин худоношинос боз чӣ номаъқулиҳое намекард?
– Шояд ба ман рухсати рафтан диҳед.
– Чӣ илоҷ…
… 19 ...
Субҳ баробари пой бар остонаи идора ниҳодан навбатдор Абдумаҷидовро ҳушдор сохт, ки ба назди муовини сардор Фарҳод Азамат дарояд. Абдумаҷидов чун қисме аз ҳамкорон одати дар як рўз даҳ маротиба назди сардорон даромадан надошт. Ба замми ин ў боз сардори хешро дошт, ки чун ў баринҳо қариб бист нафар дар зери итоаташ буданд. Абдумаҷидов сараввал ба утоқи кориаш даромада, дафтарчаи қайдҳояшро ба даст гирифта, ба утоқи дар шафат буда, назди сардори бахши кофтуковӣ ҷиноятӣ Наврўз Умар даромад.
Ҳарчанд Наврўз Умар нисбат ба Абдумаҷидов панҷ– шаш сол хурд ва таҷрибаи кориаш ҳам камтар буд, вале марди кори хешро медонистагӣ буд ва маҳз аз рўйи донишу таҷрибаи кориаш Абдумаҷидов сардори бахшро эҳтиром мекард.
– Назди Фарҳод Азамат даромадед?– пурсид Наврўз Умар.
– То ҳозир не аслан ў чаро маро ҷеғ мезадааст, модоме ки шумо ҳастед?
– Аз куҷо донам, модоме, ки ҷеғ задаст, албатта, ягон гап доштагист.
– Бе гап ҷеғ намезанад, албатта, модоме, ки мо вассал (роҳбари асосӣ) дорем ў бояд вассаламонро ҷеғ мезад.
– Хайр вассалро ҷеғ назад,– хандида гуфт Наврўз Умар пас шумо намеравед?
– Хуб мешуд, ки ў шуморо ҷеғ мезад, чунки ў сараввал вассали шумост ва шумо вассали моед, аз ин рў метавон гуфт, ки…
– Вассали вассали ман вассали ман нест, – ҳамин чизро гуфтанӣ будед пурсид Наврўз Умар.
– Не.
– Чи хел не?– акнун иқрор шавед.
– Чи ҳам мегуфтам? – Модоме ки шумо аллакай фикратонро иброз намудед, дар ҳама ҳолат чун сардор фикри шумо тезтар мегузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор