Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Вай муаллим кӣ буд номаш?
– Мирзо Наҷот.
– Ҳа худаш, магар шумо дигар бо ў суҳбат накардед?
– Ба гумон аст ки ў ба нишондоди аввалааш ягон чиз илова карда тавонад.
– Ман бояд бо ў суҳбат намоям.
– Майлаш, даъватнома нависед, мо он касро ҷеғ мезанем.
Сиддиқов даъватнома навишта ба дасти Абдумаҷидов дода пурсид:
– Воҳид Камол чӣ гуна шахс аст?
– Намедонам.
– Ҳамчун роҳбар?
– Гург ҳамааш бур.
– Бале. Ба гумонам сардори нави ШКД марди бад нест.
– Бад ҳаст ё нек ин барои ман фарқе надорад. Муҳимаш он аст, ки ў обруи милисаро нигоҳ дорад.
– Дирўз аз болои Воҳид Камол ба прокуратура ариза дохил шудааст.
– Мактуби беимзо?
– Не, имзо ҳам дорад.
– Сардори моро бо кадом гуноҳ муттаҳам карданианд?
– Суистифода аз мансаб.
– Ба фикратон ё аниқ?
– Ба фикрам.
– Дар давоми ин се моҳ ў чи хел аз мансаб истифода бурд?
– Намедонам, вале мактуб аллакай дар дасти шефи мост.
– Ин ҳамааш саҳнаи тайркарда аст ва мисли оне, ки лойи хушкшуда ба девор намечаспад, ин мактуб ҳам тасдиқ нахоҳад шуд.
– Ҳоло гуфтӣ, ки гург ҳамааш бўр аст, пас ин ҳама ҳамдилӣ бо сардор баҳри чист?
– Ман сардорро не ҳақиқатро бояд ҳимоя кунам. Гуфтам– ку ҳар он чи ки нисбат ба Воҳид Камол навиштаанд, ин хатои маҳз ё ба таври дигар гўем, туҳмат аст.
– Санҷиш ҳамаашро муайян хоҳад кард.
– Албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор